Дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - назариявии «Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик» баргузор гашт.
Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар ва аҳли илму адаб иштирок дош-танд.
Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода қайд кард, ки Садриддин Айнӣ барҳақ дар таърихи адабиёти навини тоҷик аз зумраи камтарин суханварони сермаҳсул ба шумор меравад, ки бо мероси гаронмояаш чеҳраи ҳақиқии худро чун адиби баландпоя, шоири тавонгӯй, донишманди фарзона, муаллими камназири ахлоқ, андешаманди пурбин ва дурбини сиёсат, ҳикмат ва мантиқ, файласуф ва ҷомеашиноси соҳибназар, ходими фаъоли матбуот, шахсияти пурнабарди рӯҳу равони рости миллат, муборизи камназир ва ашадии ҳифзи забони миллии тоҷикон намоён кардааст.
Дар конфронс маъ-рӯзаҳои Муртазо Зайниддинов – мудири кафед-раи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар ҳарими матбуоти даврӣ”, Матлубаи Мирзоюнус – профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳти унвони “Омилҳои шуҳрати ҷаҳонии устод Садриддин Айнӣ” шунида шуданд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр