13-14 апрели соли ҷорӣ дар гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови но-ҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъ-додҳо даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ барои наврасони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар олимпиада 577 хонанда аз шаҳру но-ҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, Рӯ-дакӣ, Файзобод, Шаҳ-ринав, Лахш, Рашт, То-ҷикобод, Варзоб, Сангвор ва Нуробод иштирок намуданд. Олимпиада дар шаклҳои тестӣ ва хаттӣ ба роҳ монда шуд.
Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони шаҳ-ри Ҳисор сазовори 20 ҷойи ифтихорӣ (5 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм, 7 ҷойи сеюм), хонандагони ноҳияи Рӯдакӣ сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ (4 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 9 ҷойи сеюм), хонандагони шаҳри Турсунзода сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ (5 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 4 ҷойи сеюм), хонандагони ноҳияи Шаҳринав сазовори 5 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм), хонандагони ноҳияи Файзобод сазовори 2 ҷойи сеюм ва хонандагони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Нуробод, Рашт, Лахш ва Сангвор сазовори 1 ҷойи сеюм гардиданд.
Мутаассифона, дар олимпиадаи мазкур хонандагони шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Варзобу Тоҷикобод ягон ҷойи ифтихорӣ ба даст наоварданд.
Н. САНГИНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр