Нашрияи Омӯзгор

17 медали хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

12-14 апрели соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии «INFOMATRIX ASIA 2019» баргузор гардид, ки дар он хонандагони 10 давлати дунё иштирок намуданд.

Дар олимпиадаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонандагони мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар ва мактаби ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Душанбе муаррифӣ намуданд.  Дар ҷамъбаст хонандагони тоҷик бо лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи худ сазовори 17 медал (5 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ) гардиданд.

Соли 2019 хонандагони кишвар дар 6 олимпиадаи байналмилалӣ дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд ва Федератсияи Россия сазовори 80 медал, (8 медали тилло, 11 медали нуқра ва 48 медали биринҷӣ) шуданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш