Нашрияи Омӯзгор

Бонувон таҳкимбахши истиқлолиятанд

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз тарафи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба беҳдошти ҳаёти занону модарон тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.

Сол ба сол дар   вазифа-ҳои роҳбарикунанда ва масъули давлатӣ ва умуман, дар тамоми соҳаҳо сафи занон афзуда истодааст, аз ҷумла, дар соҳаи маориф.    

Дар   Донишкадаи  тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, ки яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олӣ дар кишвар ва ягона манбаи олии таълимии омода намудани омӯзгорону мутахассисони риштаи варзиш ба шумор меравад, теъдоди зиёди бонувон ба сифати омӯзгору мураббӣ ба муҳассилин нозукиҳои соҳаи варзишро момӯзанд. Сафи бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз маъмурияти донишкада оғоз намуда, то ба факултаву шуъбаҳо ва дигар  сохторҳои донишкада сол  то  сол афзун гашта истодааст.

Дар   пешрафти варзиши мамлакат ва муаррифии давлату миллати тоҷик бонувон – варзишгарони кишварамон саҳми назаррас доранд. 

Қисми зиёди  бонувони варзишгарамон чун узвҳои  пайвастаи тимҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шарафи кишварамонро  баланд бардошта истодаанд.   Чун соҳаи варзиш дар соҳаҳои дигар низ  бонувони номдору муваффақ кам нестанд. Имрӯз зани тоҷик чун шоира, нависанда, олим, табиб, ҳуқушинос, ихтироъкор, низомӣ ва ғайра  машҳур гаштааст.   

Муҳимтар аз ҳама, имрӯзҳо занону модарони тоҷик ба хубӣ дарк кардаанд, ки дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ аз пуштибониҳои пайвастаи Пешвои  миллат,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдоранду ҳамасола  ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбат ба онҳо афзун гашта истодааст.

Дар  Паём   ҳамзамон ба занону бонувони кишвар муроҷиат намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар риояву иҷрои қонунҳои миллии кишварамон “Дар бораи масъулияту падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бештар саҳм бигиранд.  Дар шароити кунунии ҷомеа, ки ҳамагон   шоҳиди раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва паҳн шудани ҳар гуна ҳизбу созмонҳои тундгароем,  дар қатори дигар қишри ҷомеа аз модарон дар таълиму тарбияи фарзандонамон масъулияти боз ҳам бештар тақозо мегардад. Яъне, мо бояд фарзандонро ба роҳи дуруст, танҳо ба илму касбу ҳунаромӯзӣ ҳидоят созем, нагузорем, ки онҳо ба ҳар амалу рафтори нораво даст зананд. Дар мавриди сарфаю сариштакорӣ, ки аз қадим хислати миллати мо буд, пеш аз ҳама,  модарону хоҳарон бояд саҳми муносиб дошта бошанд. Илова ба ин, бо забони ширини модарӣ ҳарф задан бояд хоси ҳар як ҷавону наврас бошад. Дар ин бобат дар қатори омӯзгорон модарон  низ бояд одоби муоширатро ба фарзандон омӯзонанд. 

 

Бунафша  ҚАЛАНДАРБЕКОВА,

раиси шӯрои занони ДТҶТ ба номи С. Раҳимов,

номзади илми педагогӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш