Дар таърих шахсиятҳое ҳастанд, ки дар рушду инкишофи фарҳанг ва давлатдорӣ хидматҳои мондагор анҷом додаанд. Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддини Айнӣ аз зумраи он нафаронест, ки адабиёти пурғановати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаву бо асарҳои безаволи хеш адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Адабиёти муосири тоҷик ба номи ӯ вобастагии амиқ дорад. Устод Айнӣ дар инқилоби маданӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ, тарбияи адибон ва рушди илму фарҳанги халқи тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола бахшида ба зодрӯзи ин абармарди таърих - 15 апрел дар саросари ҷумҳурӣ конфронсу ҳамоишҳо гузаронида мешавад. Дар факултаи журналистикаи ДМТ низ дар мавзӯи «Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар оғоз доктори илми филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов оид ба хидматҳои таърихии устод Айни дар ҳифзу нигаҳдошт ва рушду такомул бахшидани забони тоҷикӣ сухан гуфта, осори мондагори ӯро намунаи олии омӯзиши забони тоҷикӣ арзёбӣ кард.
Дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистикаи ДМТ М. Мирзоева дар мавзӯи «Мавқеи муродифоти луғавӣ дар инъикоси воқеаҳои таърихӣ дар насри бадеии С. Айнӣ», дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистикаи ДМТ С. Низомова перомуни «Корбурди истилоҳоти коргузорӣ дар осори Садриддин Айнӣ» ва аспирант Л. Шарифзода дар мавзӯи «Баъзе тағйироти овоӣ дар калимаҳои иқтибосии русиву аврупоӣ дар номаҳои Садриддин Айнӣ» суханронӣ карданд.
Н. Сангинзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр