Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикистон – манбаи об

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои сулҳпарвари сайёра ва рӯ ба инкишоф давоми ду даҳсолаи охир дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои бузург ҷиҳати рафъи мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир мавқеи устувор дорад ва саҳми он дар ин ҷода, бахусус, ҳалли мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ ва ҳифзу истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ бузург аст.

 Бо назардошти муҳим будани масъалаи об дар кураи замин ва беҳдошти дастрасии аҳолӣ ба ин неъмати бебаҳои табиат пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфт ва вобаста ба ин рӯзи 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ Қатъномаи эълони даҳсолаи навро қабул намуд ва аз 22-юми марти соли 2018 татбиқи он оғоз гардид. 

Тағйири иқлим бо коҳиши боришот ва масоҳати пиряхҳо ва хавфи рӯзафзуни офатҳои табиии марбут ба об ин буҳрони экологӣ, яъне норасоии обро боз ҳам мураккабу печидатар мегардонад.

Барои ҳалли мушкилоти об роҳбарияти давлати Тоҷикистон, шахсан Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки камбудии оби тоза барои ҳаёт ва тамаддуни башарият оқибатҳои марговар дорад ва ҳалли ин проблемаи умумиҷаҳонӣ яке аз вазифаҳои умдаи инсоният дар ҳазорсолаи нав мебошад.

Коршиносон чунин мешуморанд, ки ин ибтикорот ба ҳадди муайян ба хотири дарки хубтари масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ ва эътирофи зарурати афзал донистани ҳалли онҳо ҷиҳати рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, фароҳам гардидани тавозуну созгории экологӣ ва сулҳу субот хизмат хоҳад кард.

Об ва рушди устувор ин ду омиле ҳастанд, ки барои пешрафти ҳамаҷонибаи кишварҳо заминаи асосиро ба вуҷуд меоранд. Бе об рушди иқтисоди «сабз», ки имрӯз ҳамчун стратегияи асосии пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян гардидааст, имконнопазир аст.

Имрӯз ҳиссаи неруи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду халос.

Дар ин зимн ҳамбастагии «об – неруи барқ – озуқаворӣ» низ, ки баҳисобгирии мутавозини манфиатҳои тамоми бахшҳои муҳимро таъмин менамояд, муҳим ба назар мерасад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои беҳсозии таъмини иқтисоди миллӣ ва аҳолии кишвар бо об таваҷҷуҳи бузург зоҳир менамояд.

Очагул Раҳимзода,

омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш