Адабиёти иловагӣ аз забону адабиёти тоҷик дар раванди таълиму тарбия дар синфҳои ибтидоӣ ба мо, омӯзгорон, ёрии ҷиддӣ мерасонад, ба ҳар чӣ бештар ҷолибу пурмуҳтаво шудани дарсҳоямон ва машғулиятҳои дигари маърифатиамон бо шогирдон мусоидат мекунад.
Силсилаи китобҳои насрию назмии бачагона, ки солҳои охир барои кӯдакон ба нашр расиданд, хазинаи дастурҳои адабии омӯзгоронро хеле такмил бахшиданд. Яке аз ин китобҳои хеле муфид ва муҳим «Тазкираи адабиёти бачаҳо» мебошад, ки аз чаҳор ҷилд иборат асту алҳол се ҷилди он ба нашр расидааст. Нахуст бояд гуфт, ки тазкиранигорӣ дар адабиёти тоҷик таърихи дерин дорад ва тазкираҳои маъруфи классикии «Лубоб – ул - албоб»-и Авфии Бухороӣ, «Тазкират – ут - шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Маҷолис – ун - нафоис»-и Алишери Навоӣ аз ин лиҳоз шоистаи таъкиданд. Тазкираҳо дорои аҳамияти махсуси илмию адабӣ буда, як навъ анҷумани аҳли қаламро мемонанд.
Адабиёти бачагонаи тоҷик таърихи қадима дошта бошад ҳам, махсус бо дарбаргирии намояндагони ин адабиёт тазкирае то асри 20 таҳия нашудааст.
Солҳои 1979 – 1986 нашриёти «Маориф» нахустин «Тазкираи адабиёти бачагон»-ро дар панҷ ҷилд ба нашр расонд, ки ҳодисаи муҳими адабӣ ба шумор мерафт.
Ин тазкира бори дигар собит кард, ки адабиёти кӯдаконаи тоҷик таърихи ғанию рангин дорад ва аз фолклор ибтидо мегираду адибони классики мо низ махсус барои бачаҳо осори назмию насрӣ офаридаанд. Як намунаи барҷастаи адабиёт барои кӯдакон «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус мебошад.
Солҳои 1989-1990 бо ибтикори нашриёти «Адиб» китоби дуҷилдаи «Тазкираи адабиёти советӣ барои кӯдакон» ба нашр расид, ки низ китобе хеле муҳим барои доираи васеи хонандагон буд.
Инак, чунонки дар оғоз гуфтем, тазкираи наве дар чаҳор ҷилд пешкаши хонандагон мешавад, ки ду ҷилди аввал осори назмӣ ва ду ҷилди дигар осори насрии бачагонаро фаро мегиранд.
Ин ҷо мехоҳем чанд сухан оид ба ҷилди аввали «Тазкираи адабиёти бачаҳо» (Душанбе: «Адабиёти бачагона», 2012) иброз бинамоем. Дар ин ҷилд намунаҳо аз ашъори бачагонаи 20 шоири тоҷик ҷой дода шудааст. Китоб бо сарсухани мухтасари собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ оғоз меёбад.
Дар аввал намунаҳо аз ашъори бачагонаи устод Садриддин Айнӣ оварда шудааст. Дар идомаи китоб хонандагон сурудаҳои кӯдаконаи шоирони номвар А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, Н.Бақозода, А.Деҳотӣ, А.Баҳорӣ, Ғ.Мирзо, М.Миршакар ва дигаронро мутолиа менамоянд. Мураттибони китоб, шоирони шинохтаи бачаҳо Алӣ Бобоҷон ва Ҷӯра Ҳошимӣ кӯшидаанд, ки дар китоб намунаҳоро аз беҳтарин навиштаҳои адибони мумтоз барои кӯдакон ҷойгир намоянд, ки ин аҳамияти тазкираро дучанд бинмудааст. Маълумоти мухтасар оид ба ҳаёт ва эҷодиёти шоирон низ идомаи анъанаи тазкиранигорист.
«Тазкираи адабиёти бачаҳо», махсусан, барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ китоби хеле зарурист ва онҳо аз ин хазинаи ашъори кӯдакона метавонанд дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ ба таври васеъ истифода бикунанд.
Сайёра ОДИНАЕВА,
мураббия дар синфҳои болоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр