Ба ҳамагон маълум аст, ки бештари қонуниятҳои фанҳои физика, химия, биология аз ҳодисоту воқеоти табиат сарчашма гирифтаанд.
Арзи ҳастӣ намудани як мавҷуди хурдакак - шапалак муъҷизаи нотакрори худодод аст. Ин ҷонзод бо пару боли рангин, парвозҳои зебову ҷолибаш ҳар бинандаро ба дун-ёи пурнақшунигору дилфиреб мебарад.
Шапалак дар умри кӯтоҳи худ мисли мутахассис амалҳоеро иҷро менамояд, ки гӯё дақиқ ба ҳисоб гирифта шуда бошад. Шапалакҳо гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд ва барои парвоз кардан бояд ҳарорати баданашон аз 280С паст набошад. Барои ин онҳо гӯё қонунҳои физикиро хуб медониста бошанд, дар як кунҷи геометрӣ боли худро рӯ ба офтоб мекушоянд ва нурҳои зарринтоби офтоб пару боли онҳоро гарм мекунад. Вақте ки ҳарорати бадани шапалакҳо то 400С мерасад, онҳо дар кунҷи 900С тоб мехӯранд ва дар ҳолати уфуқӣ нурҳои офтобро қабул мекунад.
Ғайр аз ин, ин намуди шапалакҳо дар боли худ холҳои сиёҳи майда доранд, ки вазифаи он аз нигоҳ доштани ҳарорати бадан иборат аст. Ин холҳои сиёҳ бештар дар он нуқтаҳо ҷойгиранд, ки ба он гармӣ зиёдтар лозим аст. Маҳз бо ҳамин роҳ гармӣ ба тезӣ аз як қисмати бадан ба қисмати дигари он интиқол карда мешавад.
Намуди дигари шапалакҳо низ ин усулро истифода намуда, ҳарорати бадани худро баланд мебардоранд. Мо медонем, ки линза асосан барои калон ё зиёд карда нишон додани ашё ва тасвирҳо истифода бурда мешавад. Линзаро агар дар кунҷи мувофиқ рӯ ба офтоб нигаронида гузорем, бо баробари гармии зиёд додан метавонем оташро низ ҳосил кунем ва ин намуд шапалакҳо боли худро тавре ба тарафи офтоб мекунанд, ки гармӣ ба қисмате, ки ба он эҳтиёҷ дорад, рафта мерасад ва онҳо вазифаеро иҷро мекунанд, ки ба вазифаи линза монандӣ дорад.
Ризвони БАҲОВИДДИН,
омӯзгори фани физикаи
литсейи хонандагони
болаёқати шаҳри Хуҷанд
Иловакунӣ
Иловакунии фикр