Дар мактаб ҳеҷ гоҳ набояд фанҳои таълимиро ба асосию ғайриасосӣ ҷудо кард, зеро ҳамаи фанҳо муҳиманд ва аз ин ҷост, ки ба барномаи таълимӣ ворид карда шудаанд.
Тамоми омӯзгорон бояд ба он бикӯшанд, ки шогирдонашон, пеш аз ҳама, ба моҳияту аҳамияти ин ё он фан дуруст сарфаҳм раванд, эътимоди комил пайдо намоянд, ки омӯзиши ин фан зарур аст, омили ҳаётист. Ҳар дарси шавқовару пурмазмун хоҳиши хонандаро ба омӯзиши ҳар чӣ бештари фанни дахлдор тақвият мебахшад. Душворомӯз будан ё осонфаҳмии ҳар фанне ба маҳорату истеъдоди омӯзгорон ва таҷрибаи онҳо алоқамандии қавӣ дорад. Инро ман дар мисоли таълими фанни биология хеле амиқ дарк кардаам. Пӯшида нест, ки аксар хонандагон дар омӯзишу фаҳми ин фан душворӣ мекашанд, рағбат надоранд ва шавқашон коста аст. Вале хеле хурсандам, ки шогирдони ман аз ин гурӯҳ нестанд, бо шавқу завқ ба омӯзиши биология машғул мешаванд. Ин ҳолати мақбулро, пеш аз ҳама, натиҷаи амалҳову омилҳои зерин медонам.
1. Мекӯшам, ки дарсро бо забони содаю фаҳмо баргузор намоям, ҳар як ибораву ифода ва истилоҳи илмии навро тавзеҳ бахшам, ғалатҳои хонандагонро дар гуфторашон саривақт ислоҳ бикунам.
2. Ман ба ҳар як дарсам хеле ҷиддӣ омодагӣ мегирам, китобҳои зиёди дахлдорро варақ мезанам, рӯзномаву маҷаллаҳоро таҷдиди назар мекунам, ба адабиёти методӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоям. Аз ин хусус, мазмуни як шоҳбайти тоҷикӣ ҳамеша маро раҳнамост:
То накунӣ ҷои қадам устувор,
Пой манеҳ дар талаби ҳеҷ кор.
3. Ҳамчун омӯзгори биология ман як навъ бойгонии худро таҳия намудаам. Он буридаи мақолаҳо, суратҳои ҷолибу таваҷҷуҳбарангезу гуногун, гербарияҳо, акси олимони илми биология, иқтибос аз гуфтаҳои пурҳикмати донишмандон, далелу арқоми зиёд ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Дар машғулиятҳоям бо хонандагон аз ин бойгонии худ ҳамарӯза истифода мебарам.
4. Аёният ва воситаҳои техникии таълимии муосир ва истифодаи онҳоро аз омилҳои самаровари таълими биология медонам ва мекӯшам, ки аз имкониятҳои онҳо дар дарсҳоям ба таври шоиста истифода намоям.
5. Бар он назарам, ки бояд бо ҳамкорону ҳамихтисосҳоям (дар литсей ва берун аз он) иртиботи доимӣ дошта бошам, бо ҳам табодули таҷриба намоем, дар мавзӯъҳои алоҳида баҳс ороем. Ин ҳама барои такмили раванди таълиму тарбияи биология хеле судманданд.
6. Дар дарси биология низ чун дар дарсҳои забону адабиёт бояд дафтари луғат байни хонандагон таъсис дод. Истилоҳоти биологӣ хеле фаровонанд ва тафсири на ҳамаи онҳо ба осонӣ сабт дар ҳофиза мешавад. Дар дафтари луғат аз фанни биология як қатор истилоҳоти меҳварии фан ва ибораву ифодаҳои нисбатан мушкилфаҳм сабт кардаву тавзеҳ бахшида мешаванд, то хонандагон дафтари худро ҳар гоҳ варақ зада, шарҳи вожаҳои заруриро такрор намоянд, дар зеҳнашон устувор бисозанд.
Дар сурати риояву корбасти ин омилҳо, бовар дорам, ки хонандагон бо шавқу рағбат ба ҳар дарси биология ҳозир мешаванд.
Марҳабо ЮНУСОВА,
омӯзгори биологияи
литсейи ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр