Нашрияи Омӯзгор

Вазъи истифодаи воситаҳои таълимӣ бо забони давлатӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Маълум аст, ки дар раванди интихоби касб ва ҳангоми омӯзиш нақши китобҳои дарсӣ, бахусус, адабиёти тахассусӣ басо муҳим аст. Дар замони инкишофи илму техника, истифода аз технологияи навтарин мушкилоти шогирдон то андозае ҳалли худро пайдо намудааст.

Истифода аз тахтаҳои электронӣ, компютеру проектор, силлабусҳо, китобхонаи электронӣ ба ҳамин масъала шомиланд.

Оё шогирдон ба ҳамин усулҳои таълим созгоранд, чунин шакли таълим ба онҳо писанд ё худ дастрас аст? Вобаста ба раванди таълими ин ё он фан ва ихтисос китобҳои нави таълимӣ таҳия шудаанд?

Ба назар мерасад, ки таъмини муассисаҳо бо асбобҳои дарсии тахассусӣ то андозае ҳалли худро ёфтааст, маъмурияти муассисаҳои  миёнаи касбӣ доир ба ин масъала бефарқу бетафовут нестанд. Вале, ба ҳар сурат,  дар ин масъала ҳанӯз ҳам муаммову камбудиҳо ҷой доранд.

Омӯзгори  факултаи технологияи хизматрасонии коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Н. Солиев аз фанни математика дарс мегӯяд. Вай низоми таҳсилоти кредитиро афзалтар шуморида, ақида дорад, ки баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба мактабҳои олӣ шогирдонро на ба курси дуюм, балки якбора ба курси сеюм қабул намоянд. Ба он хотир, ки аз фанҳои дақиқ китобҳои таълимӣ дастрас буда, шогирдон донишу малакаи касбӣ пайдо менамоянд, омӯзиш ва такрори мавзӯъҳо як соли дигар бемақсад аст.

Талабот ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ зиёд буда, тайёр намудани кадрҳои коргарии ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, дар назди ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ масъулияти зиёдеро гузоштааст. Асосаш ин аст, ки илмро бояд бо амал пайваст намуд. Барои соҳиб шудан ба донишҳои назарӣ, албатта, соҳиби адабиёти таълимӣ  бояд буд. Вақти он расидааст, ки дар системаи таълими соҳаи таҳсилоти касбӣ бо шаклу усулҳои пешқадами таълим, диду назари нав методҳои ҷадид роҳандозӣ шаванд. Ба вижа, дар даврае, ки мехоҳем омӯзиш дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Акнун нигоҳи устодону устоҳои таълимии як қатор муассисаҳои соҳаи таҳсилоти касбӣ ба раванди таълими кредитӣ мусбат буда, онҳо азм доранд, ки бо дарназардошти чунин усул китобхонаҳои муассисаҳояшонро бо адабиёти таълимии тахассусӣ пурра намоянд.

Бино ба гуфти директори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Маҳмадалӣ Қурбонов, алҳол китобхонаи муассисаашон дорои 6826 нусха китоби бадеӣ, илмӣ, оммавӣ ва соҳавист. Қисми бештари онҳо аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ мондаву ба шароити имрӯза мувофиқ нестанд. Ба ҳар  ҳол, як идда устодон саъй доранд, ки аз маводи мувофиқ ба барномаҳои имрӯзаи таълим тарҷума ва таҳия намуда, ҷавҳари онро ба шогирдон омӯзонанд. Худи директор номзади илми иқтисодист ва аз ҳамин фан ба шогирдон дарс мегӯяд. Вай дар ҳаммуаллифӣ  бо Л.  Силаева ва М.  Шоазизова ҳанӯз панҷ сол пеш аз ин китоби дарсиро бо номи «Формирование  рынка картофеля в Республике Таджикистан: современное состояние и перспективы развития» аз чоп баровард. Китоб ба забони тоҷикӣ тарҷума  гардидаасту шогирдон аз он истифода  мебаранд. Китоби дарсии дигар бо номи «Танзими давлатии иқтисодиёт» (муаллифон Н. Шарифов, Ш. Ҷонмаҳмадов, Ф. Маҳмадалиев) мавриди истифодаи донишҷӯён аст. Чунин ташаббускорӣ олимони ҷавони дигари коллеҷро низ водор сохтааст, ки ба таҳияву навиштани китобҳои дарсӣ даст бизананд.

- Боиси хушист, ки, - мегӯяд  директори коллеҷи номбурда, - ҳоло муаллифони худӣ омадаанд вобаста ба барномаҳои таҳиягардидаи таълимгоҳ дастуру китобҳои таълимӣ таҳия намоянд. Масалан, худи ӯ дар дарсҳояш аз китоби дарсии «Баҳисобгирии муҳосибӣ»-и Т. Гулов, М. Шобеков, А. Шерназаров истифода мебарад, ки хеле сода ва пурмуҳтаво таълиф гардидааст.

Чунин ташаббус, яъне, тарҷума, таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ ба забони давлатиро дар коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсуповаи пойтахт низ ҳамаҷониба дастгирӣ намудаанд. Бино ба гуфти сарвари коллеҷ Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, бо ин мақсад аз тарафи омӯзгор Д. Саидошурова китоби дарсӣ аз фанни забони тоҷикӣ «Забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои соҳаи геология», омӯзгори кафедраи фанҳои табиӣ – риёзӣ» Ш. Бандишоев дастури таълимӣ аз фанни «Технологияҳои информатсионӣ (матни лексияҳо)», омӯзгорони кафедраи топография ва корҳои маркшейдерӣ Н. Абдумаликзода ва Толиби Т. дастури методӣ аз фанни «аксбардории топографӣ дар корҳои сохтмонӣ», омӯзгорон А. Бӯриев ва Н. Абдумаликзода китоби «Геодезия»  бо қарори Шӯрои илмии Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи С. Улуғзода ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур барои чоп тавсия  шудаанд. Боз як гурӯҳи дигари омӯзгорони фаъол китобу дастурҳои таълимӣ иншо бинмудаанд.

Як қисми китобҳои таҳияву тарҷумашуда дар шакли электронианд. Ин дар ҳолест, ки на ҳамаи шогирдон бо сабаби надоштани компютери шахсӣ аз он истифода бурда метавонанд. Мудири кафедраи баҳисобгирӣ ва иқтисодиёти коллеҷи технологӣ С. Тиллоев гуфт, алҳол   тавассути ҳамкорӣ бо Донишкадаи иқтисод ва молияи Тоҷикистон беш аз чил китоби тахассусӣ дар шакли электронӣ дастрас карда шудааст, ки ҳамаашон ба забони давлатианд. Шогирдон имкон доранд, нусхаи лексияҳои омӯзгор ё худ бевосита худи  китобҳоро дар флешк, диск ва китобхонаи коллеҷ дастрас намоянд.

Албатта, чунин шакли техникии кор бад нест, вале агар дар баробари ин, маъмурияти коллеҷҳо бо истифода аз маблағҳои дохилӣ ё тавассути ҳамкорӣ бо ташкилотҳои мададгор чопи онҳоро дар шакли китоб ба роҳ мемонданд, бештар муфид мебуд.      

 

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш