Ҳаёт ва эҷодиёти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо таърихи халқи тоҷик иртиботи қавию ногусастанӣ дорад. Як давраи томи ҳаёти ин халқи тамаддунпарвар бо ному пайкор ва талошҳои ҷоннисоронаи ин марди бузург пайванд аст.
Устод Айнӣ дар шоҳкориҳои адабии худ, пеш аз ҳама, ҷаҳони дирӯзу имрӯзи тоҷиконро бо тамоми паҳлуҳояш бо риштаи тасвир кашидааст. Эҷодиёти устод оинаи рӯзгорони мардум эътироф гардидааст. Асарҳои безаволи ӯ, чун «Одина», «Мактаби куҳна», «Ятим», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Ёддоштҳо», нигоштаҳои таърихияш «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», рисолаву мақолаҳои илмию публитсистиаш илму адаби тоҷикро шуҳрати ҷаҳонӣ бахшидаанд ва солҳо боз дар бисёр мамолики ҷаҳон такрор ба такрор нашр мешаванд. Яке аз шоҳкориҳои барҷастаи устод Айнӣ дар адабиёт қиссаи ҳаҷвии «Марги судхӯр» эътироф шудааст. Воқеан, ин қиссаи марғуб ва барҷаста бори дигар нависандаи тавонову борикбин, мушоҳидакор ва хушсалиқа будани устод Айниро исбот кард ва ҷанбаҳои дигар маҳорати нависандагии ӯро ошкор сохт. Пас аз нашри қиссаи «Марги судхӯр» устод ҳамчун яке аз намояндагони барҷастаи жанри ҳаҷв низ эътироф гардид. Ин қиссаи ӯро солҳост, ки дар қатори қиссаҳои ҳаҷвии ҳамсони «Гобсек»-и Балзак ва «Ҳоҷӣ - оқо»-и Содиқ Ҳидоят ҳамчун шоҳкорӣ дар ҳаҷви ҷаҳонӣ тавсиф мебахшанд. «Марги судхӯр» пас аз чопи романи «Ғуломон» навишта шуда, дар шакли китоби алоҳида соли 1939 ба нашр расидааст. Дар ин қисса дар мисоли образи асосӣ – Қорӣ – Ишкамба ҳаёти манфуру судхӯрона ва пур аз тазоди гурӯҳе аз манфиатҷӯёну тороҷгарони Бухоро дар нимаи дуюми асри XIX ва оғози асри XX ба тасвир омадааст. Бинобар амиқрафти муносибатҳои истисморгарона дар ҷомеа, паст рафтани сатҳи зиндагии мардумони одӣ, меҳнаткашон фаъолияти судхӯрон авҷ мегирад ва доман паҳн мекунад. Образи Қорӣ – Ишкамба дар «Марги судхӯр» пурнафрат ва зишт тасвир карда шудааст, то ҳадде ки баъзан хонанда дилбеҳузур мешавад, ҳам ба ҳоли судхӯри мумсику пурхӯр механдад, ҳам танаффур мекунад ва ҳам ӯро маҳкум менамояд. Қорӣ – Ишкамба зоҳиру ботини манфур дорад, рафтору кирдораш нафратангез, афту башарааш зишт, сару либосаш чиркину ифлос ва суханаш нофораму гӯшхарош аст. Ӯ ҳамеша дар фикри луқмаи муфт ва даромади бедардимиён аст, заҳматро хуш надорад, харҷ кардан аз кисаи худ барояш баробар бо ҷон додан аст. Аз ин ҷост, ки дар оғози қисса устод Айнӣ ин байтро хеле бамаврид овардааст:
Судхӯр аз пули худ нон шиканад гар ба
масал,
Шиша сандон шиканад, атола дандон
шиканад.
Рафтори Қорӣ – Ишкамба ба дараҷае зишту нафратангез аст, ки дигар ӯро наметавон инсон гуфт, балки ӯ махлуқи дупоеро мемонад, ки танҳо барои хӯрдану хуфтан зиндагӣ дорад. Оқибати чунин зиндагии ноодамона фоҷеа аст, чунин зиндагӣ маъно надорад, бар зарари ҷомеа мебошад. Ҳамин аст, ки дар анҷоми қисса Қорӣ – Ишкамба ҳама дороиашро аз даст дода, ногаҳон мефавтад ва вопасин нидояш «Вой, пулакам» аст. Яъне, зиндагии судхӯрона бақо надорад ва зуд фарҷом меёбаду танҳо хотираи бад, нақши махуф аз худ боқӣ мегузорад…
Насли наврас бояд аз қиссаи «Марги судхӯр»-и устод С.Айнӣ хуб огаҳӣ дошта бошад, онро дақиқ биомӯзад ва аз он дарси ибрат бипазирад ва донаду огаҳ бошад, ки танҳо зиндагии ҳалолу покиза, меҳнату талоши шарафмандона ба кас шаъну шараф ва бахту саодат меоварад.
Манзура Мавлонназарова,
омӯзгори забони русӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр