Нашрияи Омӯзгор

Таҷассуми ҳаёту эҷодиёти мондагор

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Бисёр мамлакатҳои ҷаҳон бо он бузургшаҳрҳояшон, ки марказҳои машҳуру ғании илмию фарҳангӣ ва таърихию маърифатӣ доранд, ифтихорманданд. Хушбахтона, пойтахти ҷумҳурии азизи мо – шаҳри Душанберо низ дар радифи чунин шаҳрҳо метавон ба забон овард.

Ин ҷо, аз ҷумла, беш  аз даҳ осорхона фаъолият доранд ва маъмултарини онҳо Осорхонаи  миллии Тоҷикистон, Осорхонаи  миллии бостоншиносӣ, Осорхонаи  мардумшиносӣ мебошанд. Чанде аз осорхонаҳо ба ифтихори  шахсиятҳои маъруфи  миллат, чун устод С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Раҳимӣ. М.Турсунзода, Т.Шаҳидӣ… муҷаҳҳазонида шудаанд.

Яке аз осорхонаҳои  машҳур ва ифтихории  пойтахт Осорхонаи  адабии Айнӣ ном гирифтааст ва аз ҳаёту эҷодиёти  бунёдгузори  адабиёти  навини  тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ҳикоят мекунад. Он дар  қатори муассисаҳои  фарҳангӣ – маърифатӣ ва илмӣ ҷой дошта, бо қарори КМ ҲК ва Шӯрои  вазирони  Тоҷикистон соли 1963 таъсис дода шудааст. Нахуст дар  ихтиёри  Вазорати фарҳанг буд ва аз соли 1966 ба тобеияти  Академияи илмҳои  ҷумҳурӣ вогузошта  шуд. Ин осорхона соли 1978 ба ифтихори  таҷлили  100-солагии  устод Айнӣ ба таври  мукаммал таъмир гардида, бо асноди  навин такмил дода шуд. Дар вурудгоҳи осорхона нимпайкараи устод гузошта шудааст. Осорхона аз якчанд ҳуҷра ва саҳн иборат  мебошад. Дар ҳуҷраи аввал ашёи  шахсии нависанда, мавод оид ба ҳаёту эҷодиёти  ӯ (аз овони  кӯдакӣ то Инқилоби Бухоро - 1920) ба маъраз гузошта  шудааст. Дар ин ҳуҷра  рӯи  мизе китоби писандидаи устод «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» ва маҷмӯаи  ашъори  Бадриддини  Ҳилолӣ мавҷуд мебошад. Аз ҷумлаи ашёи  хеле ҷолиби  ин ҳуҷра сиёҳидон ва қаламе маҳсуб меёбанд, ки онҳоро ба устод Айнӣ соли 1886 падари  бузургвораш ҳадя кардааст. Дар девори ҳуҷра сурати устод пас аз 75 дарра зада шуданаш овезон мебошад.

Дар ҳуҷраи дуюм ашёи  марбут ба солҳои 20-50-и  асри 20, чун китоби «Намунаи  адабиёти  тоҷик», ҷоизаҳо, дипломи  доктори  илм, мизи  кории нахустпрезиденти АИ Тоҷикистон (С.Айнӣ) ҷой  дода шудаанд.

Як даста ашёи дигари  шахсии  устод – асо, соат , либос, корд, қайчӣ, чойнику пиёла, қалам, баъзе ҳадяҳо… дар ҳуҷраи сеюм  ба назар  мерасанд.

Дар ҳуҷраи чорум  асарҳои  ба устод С.Айнӣ бахшидашуда, тарҷумаи осори устод ба забонҳои  гуногуни  ҷаҳон, беш аз ду ҳазор  нусха китоб гузошта шудааст. Ин ҳуҷра маъруфияти  устодро  хориҷ аз ҷумҳурӣ низ ба таври  барҷаста собит менамояд.

Ҳуҷраи панҷум толори  конфронсҳо, ҳамоишҳои  адабӣ ва вохӯриҳо мебошад. ин ҷо пластинаҳо, кассетаҳо бо овози устод ва дӯстону ҳамзамонони ӯ ҳифз карда мешаванд.

Осорхонаи   ин шаҳсутуни  адабиёти  тоҷикро ҳамасола беш аз 2,5 ҳазор  нафар  тамошо мекунанд. Аз ҷумла, аз аксар  таълимгоҳҳои  мамлакат хонандагон ба тамошои  ин осорхона меоянд.

Насиба МАЛЛАЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 

Саҳифапайвандро

Абдурауф Муродӣ ва

Насриддин Охунзода

ба чоп омода кардаанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш