Нашрияи Омӯзгор

Боргоҳи бузурги илму дониш

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Пойтахти мамлакатро бо дили он мушобеҳ медонанд, ки ин маънои дар меҳвар қарор доштану дорои аҳамияти махсус буданро  мефаҳмонад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакат бояд дар бораи  пойтахт маълумоти кофӣ дошта бошад.

Ин ба хонандагони  мактабҳо низ дахл дорад. Мо, омӯзгорон, бар он бояд таваҷҷуҳ намоему мусоидат бикунем, ки шогирдонамон  оид ба  муассисаҳои  давлатӣ, марказҳои   сиёсиву  фарҳангӣ, осорхонаву мавзеъҳои  таърихӣ, театру  толорҳои  бошукӯҳи  пойтахти ҷумҳуриамон  - шаҳри Душанбе нуктаҳои  асосиро  бидонанд. Ин тадбирро, пеш аз ҳама, бо се  роҳ амалӣ кардан мумкин аст: саёҳат ба мавзеъҳои  гуногуни шаҳр (агар имкон бошад),  нақл дар бораи  пойтахт; таърих ва иншооти  ҷолиби он, намоиши филми ҳуҷҷатӣ.

Яке аз иншооти муҳим ва бошукӯҳу  ифтихории  шаҳри Душанбе, ки  дар солҳои  соҳибистиқлолии  ҷумҳурӣ бунёд ёфт, бинои хеле  азиму назаррабои  Китобхонаи  миллии Тоҷикистон мебошад. Аслан Китобхонаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ таъсис дода шудааст. Соли 1934 он ба  номи Абулқосим Фирдавсӣ номгузорӣ гардид.

Бинои  нави Китобхонаи  миллии Тоҷикистон, ки дар маркази  пойтахт (кӯчаи  Теҳрон, 5) ҷойгир аст, 20 марти  соли 2012 бо иштироки  Президенти мамлакат ба истифода дода шуд.  Ин бинои  зебову замонавии нуҳошёна ба зоҳир шакли  китоби  кушодаро дорад ва ба  тамоми  меъёрҳои  байналмилалии  китобхонаҳо ҷавобгӯст. Он аз ҷиҳати бузургии масоҳат (дарозиаш 167м, баландиаш 52м, масоҳати умумиаш 45 ҳазор метри мураббаъ), фарогирии хадамоти китобдорӣ, иттилоотӣ, ғунҷоиши  захираи китоб, фаъолияти  фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Китобхона дорои толорҳои  хониш, ҳуҷраҳои  маъмурӣ, маҳфузгоҳҳо, маҷлисгоҳҳо, толорҳо барои баргузории  ҷаласаву симпозиумҳо, лабораторияҳои  тармими китоб, бахшу шуъбаҳои  фаъолият ва дигар шабакаҳои  хадамотӣ мебошад. Ин ҷо 25 толори  хониш барои  1458 ҷои нишаст ва 247 таваққуфгоҳи автоматикунонидаи  корӣ вуҷуд дорад. Ҳамчунин, дар китобхона осорхонаи китоб, толор барои намоиши  нашрияҳои гуногун, намоишгоҳи  китобҳои  тозанашр,  9 маҷлисгоҳ бо 1100 ҷои нишаст, 25 ҷой барои  фароғати  хонандагон, 558 ҷои нишаст барои таомхӯрӣ мавҷуд аст. Дар толорҳои электронӣ хонандагон аз шабакаҳои  Интернет ба таври  ройгон истифода мебаранд. Дар китобхона барои бо як қатор китобхонаҳои  электронии мамолики пешрафта иртибот пайдо кардан  шароити  соз-гор фароҳам  оварда шудааст.

Дар ғанӣ кардани хазинаи  китобҳои  ин ганҷинаи  хирад бо амри  дил аҳли  кишвар, аз ҷумла, омӯзгорони пойтахт ҳиссагузорӣ карданд.  Китобхона барои 10 миллион китоб ғунҷоиш дорад ва ҳоло теъдоди  умумии китобҳо ин ҷо аз ҳадди  8 миллион гузаштааст.

Аз Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза шумораи  зиёди хонандагони  макотиби  пойтахт ва омӯзгорон истифода мебаранд. Ин боргоҳи  илму  дониш  ва маърифату хирад ба яке аз дороиҳои  ифтихории миллати тамаддунпарваари мо табдил ёфтааст.

Сабоҳат ОДИНАЕВА,

омӯзгори  синфҳои ибтидоӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш