Душанбе яке аз ҷавонтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна ба шумор равад ҳам, дар асл таърихи дерин ва пурҳаводис дорад. Бостоншиносон собит кардаанд, ки дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Душанбе ҳанӯз 2300 – 2400 сол қабл аз ин тамаддуни шаҳрнишинию шаҳророӣ мавҷуд будааст. Пас аз Инқилоби Октябр Душанбе ҳамчун пойтахти ҶШС Тоҷикистон мақом пайдо кард ва тадриҷан рушд ёфт.
Давраи тилоии инкишофу пешрафти ин шаҳри зебо пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон оғоз ёфт.
9 сентябри соли 1991 дар Душанбе ҳодисаи таърихию тақдирсозе ба вуқӯъ пайваст. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати XII) ин ҷо баргузор гардид, ки он Декларатсияи истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қабул кард. Дар ин замина шаҳри Душанбе аз соли 1991 пойтахти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон – Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Ба рушди пойтахт дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мухолифатҳои дохилӣ, ҷангҳои бемаънӣ ва хиёнаткориҳои баъзе гурӯҳҳои худкома монеа эҷод карданд. Дар қатори чанде аз манотиқи дигари мамлакат Душанбе ҳам ба арсаи часпу талошу даргириҳо табдил ёфт, зарари ҷиддӣ дид. Хушбахтона, неруҳои наву солимфикру некуҳадафи ҷумҳурӣ бо сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ваҳдати умумимиллиро ба вуҷуд оварда, ҳамагонро ба барқарорсозиву устуворнамоии аркони давлатдорӣ ва ба ҳадафҳои созанда сафарбар намоянд. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ба имзо расидани созишномаи умумӣ дар бораи сулҳ ва ризоияти миллӣ (дар шаҳри Маскав) ҳамоиши бошукӯҳу тантанавии мардумони ваҳдатгаро баргузор гашт, ки лабрез аз шодию сурур буд. Аз ин ба баъд Душанбе сол ба сол ободу зеботар гашта, ба нозаниншаҳри сулҳбунёд ва меҳвари дӯстию рафоқат табдил ёфт. Ба ҳаёти маънавию ҷамъиятӣ ва сиёсии шаҳр дар марҳилаҳои аввал таҷлили 1100 – солагии Давлати Сомониён, 10-солагии истиқлоли ҷумҳурӣ, даъвати Форуми байналмилалии тоҷикон, ифтитоҳи Форуми байналмилалии оби тоза, Бозиҳои V олимпии давлатҳои Осиёи Миёна рангу тобиши тоза бахшиданд.
Ба ифтихори 1100 – солагии Давлати Сомониён дар шаҳри Душанбе маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» бо ҳайкали шукӯҳманди Исмоили Сомонӣ (дар майдони «Дӯстӣ») бунёд гардида, ҳусни пойтахтро дучанд афзуд.
Дар солҳои баъдӣ дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт иншооти зебову баландошёнаву назаррабо марбут ба соҳаҳои мухталиф қомат рост карда, ҳуснафзоӣ намуданд. Дар пойтахт сафоратхонаҳои зиёде дар боз карданд, консулгариҳо ба фаъолият пардохтанд. Баргузории даҳҳо симпозиуму конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе нуфузу эътибори ҷаҳонии онро боз ҳам боло бурд.
Имрӯз пойтахти моро Кохи миллат, майдонҳои Парчами давлатӣ ва нишони давлатӣ шукӯҳи бештаре эҳдо бинмудаанд. Душанбеи нозанину маҳбуби мо сол то сол зеботару шукуфотар мешавад ва минбаъд он, бешубҳа, бо яке аз шаҳрҳои маъруфу машҳури олам табдил хоҳад ёфт.
Мо, омӯзгорон ва умуман, аҳли маориф, бояд ҳамеша дар сафи пеши ободгарону рушдбахшони пойтахти азизамон қарор дошта бошем.
Дилбар Турсунова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр