Нашрияи Омӯзгор

Вусъати соҳаи маориф

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Пойтахти ҳар кишвар аз ҳар ҷиҳат бояд намуна бошад. Душанбеи маҳбуби мо ҳамин гуна шаҳр аст. Он дар айёми мо ҳам аз ҷиҳати сиёсию иқтисодӣ, ҳам аз ҷиҳати иҷтимоию фарҳангӣ равнақу ривоҷ ёфтаву ба сатҳи як маркази ташаккулёфта расидааст. Ин ҷо тамоми соҳаҳо инкишофи чашмрас ва муназзам доранд. Барои мисол рӯ меоварем ба соҳаи маорифи пойтахт.

Ба гувоҳии таърихнигорон, дар Душанбе аз соли хониши 1930-1931 таҳсилоти умумии ибтидоӣ роҳандозӣ шудааст. Аз соли 1949 таълими умумии даҳсола марҳила ба марҳила ҷорӣ гардид. Соли 1960 дар Душанбе нахустин мактаб-интернати комплексӣ таъсис ёфт, ки дар он беш аз 900 кӯдаку навраси то 18-сола тарбия мегирифтанду таҳсил мекарданд. Он замон чунин таълимгоҳ дар ҷаҳон назир надошт.

Солҳои 70-80-уми асри 20 дар Душанбе даҳҳо мактаби муосир, устохонаҳо ва кабинетҳои таълимӣ сохта шуданд, мактабҳо аз ҳар ҷиҳат муҷаҳҳаз гардиданд.

Ба истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон (с.1991) марҳилаи наву пурсамареро дар бахши маорифи мамлакат ифтитоҳ намуд. Пеш аз ҳама, ба тасвиб расидани як силсила асноди муҳим, чун «Қонун дар бораи маориф», «Консепсияи мактаби миллӣ», «Стандарти давлатии таҳсилот» ва амсоли инҳо ба такомули соҳа мусоидат кард. Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 1998 сохтори нав, низомнома ва бахшҳои идораи маорифи шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуд. Соли 2000 бо қарори раиси шаҳр «Барномаи рушди маорифи пойтахт» қабул гардид. Ин қарори муҳим ва марҳилавӣ ба пешрафти соҳаи маорифи пойтахт, фарогирии бештари шаҳрвандон ба таҳсил, таъмини асосҳои моддӣ – таълимии мактабҳо, таъмин бо мутахассисони  варзида, корбасти технологияҳои навин дар ҷараёни таҳсилот мусоидат кард. Бо мақсади ҳаматарафа таъмин намудани татбиқи барномаи мазкур бо қарори раиси шаҳр Маркази рушди маориф таъсис дода шуд. Қаблан, аз соли 1996 дар пойтахт Маркази кӯдакон ва наврасон ба фаъолият шурӯъ карда буд.

Бо ҳадафҳои фароҳамоварии шароити мувофиқ барои таълим ва пурра ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони то синни мактабӣ соли 2002 Қарори маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе «Дар бораи тадбирҳои зиёд намудани ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои таълимии пойтахт» қабул гардид. Дар ин замина як силсила муассисаҳои томактабӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ табдил дода шуданд, синфхонаҳои иловагӣ ва мактабҳои нав сохта шуданд.

Аз оғози солҳои 2000-ум масъалаи бо компютерҳо таъмин намудани мактабҳои шаҳру деҳот ба миён гузошта шуд ва тибқи қарори ҳукумати шаҳр дар як давраи муайян тамоми таълимгоҳҳои пойтахт бо компютерҳо муҷаҳҳаз карда шуданд.

Мувофиқи маълумоти соли 2014 дар шаҳри Душанбе 140 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо қариб 180 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.

Дар пойтахт, махсусан, дар давоми 3-4 соли охир бунёди мактабҳои нав авҷ гирифтааст ва таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти навину мутахассисони варзида низ дар сатҳи баланд мебошад.

Соҳаи маориф дар Душанбешаҳри хушманзар мунтазам рушд меёбад, ки ин боиси ифтихори мо, аҳли маорифи пойтахт, аст.

Анварой Саидова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии МИММСҶ ба номи М.Атоев     

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш