Нашрияи Омӯзгор

Муносибати ҷиддӣ ба рушди илм зарур аст

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар замони муосир илм нишондиҳандаи қудрат ва пешрафти давлатҳо ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ имконоти мусоид баҳри дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ фароҳам оварда шуд. Вобаста ба дастовардҳои илми тоҷик дар замони истиқлолият, тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ, амнияти зеҳнҳо ва  мушкилоти таълиму тарбия  суҳбате доштем бо сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа Абдураҳмон Қурбонов, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон менамоем.

- Устоди азиз, нахуст мехос-тем перомуни вазъи илм дар замони соҳибистиқлолӣ чанд сухан мегуфтед.

– Бояд гуфт, ки буҳрони ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии солҳои 90-ум ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои илми тоҷик, ки дар ин давра дар авҷи тараққиёт қарор дошт, нақши манфии худро гузошт. Замони истиқлолияти сиёсӣ аз роҳбарияти давлату ҳукумат барои ба роҳ мондани фаъолияти самараноки неруи илмии ҷумҳурӣ муносибати нав ва масъулияти ҷиддӣ тақозо мекард. Вобаста ба ин, ҷиҳати ворид намудани дигаргуниҳо дар низоми ташкил ва идораи илм, фаъолияти муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ баъзе тадбирҳои зарурӣ амалӣ  гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низоми идоракунии илм мутамарказ буда, аслан аз Москва тавассути Кумитаи давлатӣ оид ба илму техникаи назди Шӯрои Вазирони ИҶШС амалӣ мегардид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои ташкил ва идора намудани соҳаи илм ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ин гуна сохторҳо дар тамоми ҷумҳуриҳо дар шакли «Вазорати илм ва маориф» ё «Кумитаи илм ва технология» таъсис дода шуданд.

Дар давраи истиқлолият, тибқи қонунгузорӣ, ин масъалаҳо ҳамчун ҳамоҳангсози илм ба уҳдаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Бо ин мақсад марҳила ба марҳила як силсила амру фармонҳои Президент, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки барои ташкил, идора ва истифодаи самараноки илм ва захираи зеҳнии ҷумҳурӣ дар шароити истиқлолият то андозае мусоидат намуданд.

Албатта, вазъи илм дар муқоиса бо марҳалаи аввали истиқлолият ва имрӯз фарқ дорад. Аз ҷумла, дастгирии молиявии олимон, таъмиру тармими муассисаҳои илмӣ, таъсиси Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ, таъсиси стипендияҳо ва ҷоизаҳо барои олимони ҷавон, бунёди хобгоҳи замонавӣ барои аспирантон ва ғайраро ҳамчун иқдомҳои муҳиму саривақтии Ҳукумат дар ин самт арзёбӣ намудан мумкин аст.

Вале ҳамзамон, мушкилоти дигаре вуҷуд доранд, ки барои рушди илм ва таҳкими захираи зеҳнии ҷумҳурӣ монеа мешаванд. Ин, пеш аз ҳама, сатҳи маблағгузорӣ ва низоми ғайрисамараноки ташкил ва идораи илм, заминаи заифи моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳои илмӣ, сифати тадқиқотҳои илмӣ, сатҳи пасти илмии олимони соҳибунвону аспирантон ва ғайраҳо мебошад, ки дар ҳар шакл метавонанд дар таҳкими захираи зеҳнии ҷумҳурӣ ва истифодаи оқилонаи он баҳри ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар нақши манфии худро гузоранд.

- Зеҳнҳо омили асосии рушд ва амнияти давлат маҳсуб меёбанд. Масъалаи амнияти зеҳниро дар ҷумҳурӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Зери мафҳуми «амнияти зеҳнӣ» масоили марбут бо неруи зеҳнии миллат, нигоҳдории маҳсули меҳнати фикрӣ, ҳимояи моликияти зеҳнӣ фаҳмида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки сарфи назар аз ҷиддият ва муҳимияташ, масъалаи муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ чун ҷузъи амнияти миллӣ дар илми ватанӣ мавриди таҳқиқи васею фарогир қарор дода нашудааст. Лекин   таҳлили вазъи имрӯзаи захираи зеҳнӣ собит месозад, ки талафоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт  кам нест. Оид ба теъдоди  неруҳои ақлонӣ, ки дар замони истиқлолият аз ҷумҳурии мо ба кишварҳои дигар рафтанд, маълумоти оморӣ вуҷуд надорад. Лекин мувофиқи маълумоти Хадамоти федералии омори давлатии Россия фақат дар давраи аз соли 2007 то 2014 аз  Тоҷикистон 123 номзад ва 92 доктори илм дар ин кишвар барои зиндагии доимӣ ба қайд гирифта шуданд, ки ин, албатта, ба амнияти зеҳнии ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.

 Таҳлилҳо собит месозанд, ки бо вуҷуди масрафи зиёди маблағҳои ҷумҳурӣ барои тарбияи кадрҳои илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ, теъдоди номзадҳои илм ҳанӯз ҳам ба нишондоди замони пеш аз истиқлолият баробар нашудааст. Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2017 шумораи умумии номзадҳои илм дар муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба 2800 нафар мерасид. Ҳол он ки дар соли 1985 ин  нишондод 3074 нафарро ташкил дода, дар муқоиса бо  имрӯз қариб 300 нафар зиёд аст. Аз ин бармеояд, ки муассисаҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олӣ ҳанӯз ҳам дар рӯ ба рӯи мушкилоти шадиди кадрӣ қарор доранд. Ректори ДДМ ба номи М.В.Ломоносов В.А.Садовничий хеле бамаврид таъкид намудааст, ки: «Масъалаи кадрҳои миллӣ - ин масъалаи калидии  амнияти миллӣ мебошад. Кишвари соҳибистиқлол ва аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққиқарда ҳамон кишварест, ки захираи кадрии кифоя дорад».

- Ба андешаи шумо, ба хотири нигоҳдорӣ ва рушди неруи зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ  кадом корҳоро бояд ба сомон расонд?

- Ба хотири нигоҳдорӣ ва рушди захираи зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ баъзе корҳо ба анҷом расонда шуданд. Муҳимтарин иқдом дар ин самт ин таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фишанги асосии таъсиррасонӣ ба сифати кадрҳои илмӣ ин фаъолияти самараноки Комиссияи олии аттестатсионӣ мебошад. Шӯроҳои диссертатсионӣ бояд зери назорати ҷиддии ин ниҳод фаъолият намуда, ба воридшавии ашхоси тасодуфӣ ба соҳаи илм, ки бо роҳҳои гуногун соҳиби диссертатсияҳои тайёр мегарданд ва заҳмати илмро накашида дорои унвонҳои илмии номзад ва доктори илм мешаванд,  хотима гузоранд. Мутаассифона, ин гуна ашхос, ки аз тариқи Шӯроҳои диссертатсионии ВАК-и Россия соҳиби дипломҳои номзадию докторӣ шудаанд, кам нестанд.

Мушкилӣ дар он аст, ки сарфи назар аз афзудани теъдоди докторҳо (769 нафар), аъзо - корреспонденту академикҳои Академияи илмҳои ҶТ (мутаносибан 35 нафар ва 55 нафар) ва боз академияҳои соҳавӣ неруи зеҳнии ҷумҳурӣ ҳанӯз заиф аст. Доктору академикҳо зиёд, вале дастовардҳо дар соҳаи илм назаррас нестанд. Сатҳи дониши кадрҳои илмӣ ва сифати диссертатсияҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад.

Бешубҳа, натиҷаи чунин муносибат аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ қурби дипломи номзаду доктори илм хеле поин фуромадааст ва баъзеҳо бо дониши хеле ҳам паст соҳиби дипломҳои номзадию докторӣ гардида, айни ҳол вазифаҳои мудири кафедра, декани факулта ва ҳатто дар шӯроҳои диссертатсионӣ ҷой гирифтаанд, ки пешгирӣ накардани ин амал боиси коста гардидани нуфузу эътибори илм ва олим гардида, имкон дорад ҷомеаро ба мушкилоти дигар рӯ ба рӯ созад.

Дар марҳалаи кунунӣ ҳадафи асосии ҷомеаи илмӣ бояд ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона карда шаванд. Бояд зикр кард, ки бо сатҳи пасти дониши мутахассисон ва кадрҳои илмӣ амалӣ сохтани ҳадафҳои асосии стратегии давлат имконнопазир мегардад. Хусусан, саноатикунонии кишвар маҳз тавассути дастрасӣ ба дастовардҳои навтарини илм ва технология имконпазир мегардад. Бинобар ин, ҷорӣ кардани талаботи ҷиддӣ дар ин самт метавонад ба рушди илм ва таҳкими захираи зеҳнии кишвар мусоидат кунад.   

– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар соҳаи маориф кадрҳои варзидаи омӯзгорӣ намерасанд ва  сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти кишвар паст мебошад. Чӣ бояд кард, то камбудию норасоиҳо ва мушкилоти ҷойдошта ҳалли мусбати худро пайдо кунад?

- Тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 таъкид намуданд: «…дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар».

Дар баробари ин, ба андешаи мо, дар ин самт проблемаи сеюм, яъне проблемаи заминаи хароби моддию техникии муассисаҳои миёна ва олии таълимӣ низ вуҷуд дорад, ки бе ҳаллу фасли он маориф ва раванди таълим натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Норасоии  озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муосир дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ айни ҳол ба мушкилоти ҷиддии соҳаи мазкур  табдил ёфтааст.

Таҳлили вазъи маорифи кишвар собит месозад, ки он воқеан, дар рӯ ба рӯи мушкилоти шадиди кадрӣ  қарор дошта, аз ин ҳолати сангин раҳо ёфтан вақт ва заҳмати беандозаро тақозо мекунад. Зеро ки мушкилоти иҷтимоӣ дар тӯли солҳо боиси хароб гардидани пояи моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳои таълимӣ гардид. Дар ин давра (аслан, аз миёнаҳои солҳои 90-ум) теъдоди муайяни омӯзгорон барои таъмини рӯзгор тарки мактаб намуда, муҳоҷирати меҳнатии беруна ё дохили ҷумҳуриро интихоб намуда, ба касбу кори дигар гузаштанд. Танқисии кадрии соҳаи маориф боиси боз ҳам заифтар гардидани сатҳу сифати таълим гардид. Хусусан, вазъи фанҳои эксперименталӣ дар ин самт хеле ташвишовар гардидааст. Аллакай як насли омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар бораи таҷрибаҳои лабораторӣ тасаввурот надоранд. Онҳо мактаби миёнаро бе чунин таҷрибаҳо хатм намуда, ба мактабҳои олӣ дохил шуданд ва бинобар сабаби хароб будани озмоишгоҳҳои макотиби олӣ, онҳо ин муассисаҳоро низ бе гузаронидани таҷрибаи зарурӣ дар  озмоишгоҳҳо хатм намуда, соҳиби  дипломи маълумоти олӣ гардиданд. Акнун мушкилӣ ин аст, ки худи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар бораи таҷрибаҳои лабораторӣ оид ба фанҳои физика, химия, биология ва ғайраҳо дониши заиф доранд ё умуман тасаввурот надоранд.

Бинобар ин, барои рафъи ҳолати мавҷуда таҳия ва татбиқи барномаҳои воқеӣ ва амалишаванда вобаста ба талаботи муассисаҳои таълимӣ, инчунин, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои тамоми омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ зарур аст.

 

Мусоҳиб

Насриддин Охунзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш