Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти вазорат вусъат меёбад

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 764        Шарҳ: 0

13 апрели соли  ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф    ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти вазорат  дар семоҳаи аввали соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласаи мушовара муовини сардори раёсати илм  ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Маъмурзода, муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев, муовини вазир Сайфиддин Давлатзода, ректорон ва директорони  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо,  кормандони вазорат ва зерсохторҳои он иштирок карданд.

Муовини аввали вазири маориф ва илм Р. Мирбобоев доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2019 суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 таъкид доштанд: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад». Дар партави дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат  дар семоҳаи аввали соли равон дар вазорат 5 ҷаласаи мушовара бо баррасии 104 масъала ва 3 ҷаласаи назоратии назди вазир бо баррасии 6 масъала доир гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

- Рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳоти он аз афзоиши маблағгузорӣ ба соҳа вобастагии амиқ дорад.  Дар ин замина, агар соли 2018 ба соҳаи маориф 3 миллиарду 863 миллиону 64 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида бошад, пас соли 2019 ин рақам 4 миллиарду 404 миллиону 877 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 13% зиёд аст. Яке аз дастовардҳо дар ин самт дар солҳои охир ба низоми нави молиявӣ-низоми маблағгузории сарикасӣ гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Ин низом барои истифода ва тақсимоти самаранок, шаффоф ва одилонаи маблағҳои буҷетӣ барои ҳар як тарбиятгиранда ва хонанда равона гардидааст, - иброз дошт Р. Мирбобоев.

Дар идома муовини аввали вазир  зикр намуд, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, ин зинаи таҳсилот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба меёбад.  Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ айни замон ба 636 адад ва шумораи тарбиягирандагон ба 96 ҳазору 578 нафар расид. Ҳамзамон, дар самти таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак корҳои назаррас амалӣ шуда, дар семоҳаи аввали соли 2019 шумораи онҳо ба 1697 адад расид, ки дар онҳо 46 ҳазору 360 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ фарогирии кӯдакони 3-6 сола ба таҳсилоти томактабӣ 14,7%-ро ташкил медиҳад. Тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ то соли 2021 бояд ба 30% ва то соли 2030 ба 50% аз шумораи умумии кӯдакони то 7-сола расонида шавад.   Бинобар ин, зарур аст, ки раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо дар самти фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва иҷрои ҳатмии талаботи Стратегияи мазкур чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Тибқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд 675 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ таъсис дода мешуд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 153 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 8200 нафар тарбиятгиранда фаъолият менамояд, ки 23% иҷрои барномаро ташкил медиҳад, ки ин, албатта, қонеъкунанда нест.

Ҳамзамон, тибқи барнома бояд 331 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис меёфт. Мутаассифона, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ (дар шаҳри Душанбе 5 муассиса, вилояти Хатлон 1 муассиса, вилояти Суғд 7 муассиса ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ танҳо дар шаҳри Ҳисор 1 муассиса) таъсис дода шудааст, ки ин 4,2%-и иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Дар ВМКБ то имрӯз ягон муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода нашудааст.

Дар ин зинаи таҳсилоти умумӣ муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, ҷиҳати амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017, №544 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” харидории 2139 кабинет (физика 289 адад, химия 254, биология 243, география 183, математика 207, технологияи иттилоотӣ 216 ва суруду мусиқӣ 655) ба нақша гирифта шудааст. Аммо дар давоми соли 2018 ва 3 моҳи соли 2019 барнома танҳо дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд татбиқ гардида, дар дигар шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи барнома боиси нигаронист.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи харидории кабинетҳои фаннӣ ба 62,3% баробар аст. Шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор иҷрои нақшаро қисман таъмин карда, дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Рашт ва Лахш бошад, барои кабинетҳои фаннӣ ягон таҷҳизот харидорӣ нагардидааст.

Иҷрои барномаи мазкур дар вилояти Хатлон ҳамагӣ ба 20,3% баробар буда, танҳо ноҳияи Қубодиён нақшаро пурра иҷро намудааст. Ноҳияҳои Хуросон, Шамсиддини Шоҳин ва Ёвон нақшаро қисман (40%) иҷро карда, дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят татбиқи барнома нигаронкунанда аст.  Дар ВМКБ то имрӯз ягон таҷҳизот харидорӣ нагардидааст.

Вобаста ба ин, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатии зикршуда тадбирҳои амалӣ андешида, иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати ҷумҳуриро таъмин намоянд.

- Бо таъсиси марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ фароҳам омада, марказҳои мазкур барои дарёфти хонандагони лаёқатманд ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонанд.  Вале дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ташкили фаъолияти муназзами корӣ, ҷудо намудани бинои алоҳида, ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ, додани мустақилияти молиявӣ ва маблағгузории онҳо аз ҳисоби буҷет аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида нашудааст. Масалан, дар ноҳияи Рӯдакӣ то ҳол Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил нашудааст. Дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Деваштич бошад, дар назди шуъбаҳои маорифи ноҳия бахш ташкил намудаанд, ки ин ҳолат ба талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №353 мухолифат дорад. Дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ба ин сохторҳои маориф бино, мустақилияти молиявӣ, синфхонаҳо, таҷҳизоти корӣ ва воҳидҳои корӣ ҷудо карда нашудааст. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд, ки  ҷиҳати ҷудо намудани бинои алоҳида барои фаъолияти марказҳо, воҳидҳои кории иловагӣ, маблағгузории онҳо тадбирҳои судманд андешанд, - таъкид намуд Р. Мирбобоев.

Масъалаи дигари ташвишовар ба таъбири Р. Мирбобоев,   татбиқ нагардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29.09.2017, №443) «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ба ҳисоб меравад.  Мутаассифона, дар шаҳру ноҳияҳои Мурғоб, Ванҷ, Истиқлол, Зафаробод, Деваштич, Гулистон, Бӯстон, Мастчоҳ, Фархор, Вахш, Темурмалик, Левакант, Ёвон, Панҷ, Дустӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Ваҳдат, Нуробод, Турсунзода ва Тоҷикобод дар семоҳаи якуми соли 2019 ягон адад компютер ва тахтаи электронӣ харидорӣ нагардидааст.

Раванди амалӣ намудани Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ нишон дод, ки дар самти мазкур норасоӣ ва мушкилот ба назар мерасад. Бинобар ин, ба директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ супорида мешавад, ки барои харидории луғату фарҳангҳо, фаъол намудани шабакаи Интернет ва китобхонаҳои электронӣ, пурра намудани фонди китобхонаҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба омӯзиши фанҳои забони русию англисӣ чораҳои ҳатмӣ ва саривақтӣ андешанд. Бо мақсади пешрафти зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони касбии дар бозори меҳнат рақобатпазир ва ба ин васила ғанӣ гардонидани неруи зеҳнии кишвар корҳои шоиста ба анҷом расонида шуд.

– Дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 244 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 70 ҳазору 591 ҷойи нишаст идома дорад. Аз ин миқдор, 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 12 ҳазору 446 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва 48 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5659 ҷойи нишаст ба тариқи ҳашар бунёд мегардад, - зикр намуд муовини аввали вазир.

Ҳамчунин, муовини аввали вазири маориф ва илм Р. Мирбобоев оид ба фаъолияти  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм, раёсатҳои илм ва муносибати байналмилалии вазорат,  Маркази матбуоти вазорат, фаъолияти нашрияҳои соҳавӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва дигар зерсохторҳои вазорат сухан ронда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва вусъат бахшидани фаъолияти онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.    

Дар музокира сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода,  сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Одинашоҳ  Мардов, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Комилшоҳ Исоев фаъолияти вазоратро  дар се моҳи аввали соли равон қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Муовини сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Маъмурзода зикр намуд, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Ин ҳар яки моро водор месозад, ки фаъолияти худро вусъат бахшем. Дар баробари ин, дастуру ҳидоятҳо ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф, тарбияи насли ҷавони худшиносу ватандӯст ва муҳофизи содиқи ватани биҳиштосоямон равона шудаанд. Аҳли маорифро мебояд вобаста ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар ҷашну санаҳои муҳими милливу таърихӣ ҳамвора талош намоянд.

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш