Оғози марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 1 уми март то 15 – уми апрели соли 2019 марҳалаи барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2019 (ИМД-2019) ба вуқӯъ пайваст. Тибқи иттилои котиби матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода, бинобар то кунун зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30-юми апрел тамдид карда шуд. Инчунин, тибқи муҳлати муқарраршуда аз 16 ум то 30 юми апрел марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабон баргузор мегардад, яъне, аз 16 ум то 30 юми апрел раванди бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ҳамзамон ба роҳ монда мешавад.
Довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихоби аввалия (аз ҷумла, гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсияи ихтисосҳо, бартарии интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, забон ё макони имтиҳонсупорӣ), маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он сабти ном шуда буданд, муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои зарурии зеринро пешниҳод намоянд:
1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
2) варақаи бақайдгирии даври асосии бақайдгирӣ;
3) расиди пардохти маблағи иловагӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Амонатбонк”.
Аз 1-уми март то 10-уми апрел тибқи он шумораи довталабони бақайдгирифташуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5 ум (тиб, биология ва варзиш) 141,4 %, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 140,8 %, ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) 118,8%-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад. Шумораи довталабони бақайдгирифташуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) 60,0 % ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 75,8 %-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 5-ум, 4-ум ва 3-юм хеле кам аст.
Ба шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд гузаштан мехоҳанд, тавсия дода мешавад, ки пеш аз номнависӣ кардан бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиранд.
Ба таъкиди З. Абдусаломзода, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои даври 1 уми азнавбақайдгирӣ 25 (бисту панҷ) сомонӣ муқаррар шудааст. Ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола, инчунин, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, аз пардохти маблағи мазкур озоданд.
Н. САНГИНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр