11 – 13 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Россия ҳаштумин намоишгоҳ – ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилот дар Федератсияи Россия: Душанбе – 2019» баргузор гардид. Сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, муовини директори Маркази фарҳангию мадании «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Павел Анатолевич Шветсов доир ба аҳдофи намоишгоҳ, ки ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, ба манфиати ҳамкориҳои маориф ва илмиву фарҳангии ҳарду мамлакат нигаронида шудааст, суханронӣ карданд.
Новобаста ба ҳавои номусоиду боронӣ саҳни донишгоҳи номбурда пур аз хоҳишмандони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Россия буд. Тавре аз суханрониҳои дастандаркорони намоишгоҳ бармеояд, намоишгоҳи анъанавӣ, ки соли ҳаштум пайиҳам баргузор мегардад, натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст. Ҳамасола шумораи донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Россия торафт меафзояд. Чунонки Р. Мирбобоев гуфт, агар ҳашт сол пеш дар намоишгоҳи аввалини шаҳри Душанбе ҳамагӣ панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия иштирок карда бошад, имсол дар чорабинии мазкур намояндагони 53 донишкадаву донишгоҳҳо ташриф овардаанд.
Дар намоишгоҳ – ярмарка хоҳишмандон - хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва навоҳии атрофи он, довталабон ва донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои зиёдеро дар нав-бат дидан мумкин буд. Онҳо аз намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия дар бораи шарту шароити қабул, ихтисосу имтиёзҳо ва имтиҳонҳои қабул маълумот ба даст меоварданд. Аз ҷумла, Серова Елена Юревна - котиби масъули комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии ҷангали шаҳри Екатеринбург, ки мизоҷон ӯро иҳота карда буданд, изҳор дошт, ки ба мавсуф асосан дар мавриди таҳсил дар зинаи бакалавриат, магистр, ихтисосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, математика, биотехнология пурсон мешаванд. Донишгоҳи онҳо ба ҷавонони тоҷик шинос аст. Аз рӯйи квотаи давлатӣ ва аз тариқи чунин намоишгоҳҳо дар таълимгоҳи онҳо беш аз чил нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил доранд. Намояндаи Донишгоҳи давлатии аграрии Белгород низ иттилоъ дод, ки дар муассисаи онҳо 80 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил доранд. Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи федералии ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Архангелск Голомидова Полина Валеревна қайд кард, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбии онҳо беш аз панҷоҳ нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон дар риштаҳои иқтисодӣ таҳсил мекунанд ва бо дониши хубашон намунаанд. Имсол ҳам аллакай дар рӯзи аввали намоишгоҳ ҷавондухтарону ҷавонписарони тоҷик худро дар факултаҳои ин донишгоҳ номнавис карданд. Чунонки аз суҳбат бо намояндаи Донишгоҳи давлатии Толятти Шокир Шамиров маълум гардид, ҳоло дар он ҷо 220 нафар донишҷӯи тоҷик (192 нафарашон ба таври буҷавӣ), ки 80 нафарашон духтаронанд, таҳсил доранд. Баъзе аз хатмкардагони ин донишгоҳ ба Ватан баргашта, айни замон дар НБО – ҳои «Роғун», «Норак» ва «Помир – энержӣ» фаъолияти пурсамар доранд.
Бояд гуфт, ки дар доираи нақшаи чорабинии мазкур, ҳамчунин, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти вазорат бо гурӯҳи калони намояндагони макотиби таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия мулоқот барпо намуд, ки дар он масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар доираи баргузории ин чорабинӣ байни як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр