Нашрияи Омӯзгор

Неруи тавонои шеър

Сана: 2018-04-20        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

Ҳар як бознигарӣ ба эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ батакрор тавоноиву истеъдоди олӣ ва доираи фарохи назари ӯро ба илму адабиёт собит месозад.

Устод ба арсаи адабаиёт чун қаламкаши устувору пурдон ва бохабар аз тамоми нозукиҳои соҳа ворид гашт ва шоҳкориҳои безаволе офарид, ки боиси эътирофи оламиён шуд, адабиёти тоҷикро бештар шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид. Устод Айнӣ ба туфайли хиради бесобиқа ва фаросати баланди худ дарзамон эҳсос кард, ки Инқилоби Октябр барои халқи тоҷик қабили қабул аст. Ин ҳодисаи бузурги таърихӣ, ки ҷаҳонро такон дод, метавонад тоҷиконро аз вартаи ҷаҳолати амирон, аз доғи зулму истибдод раҳоӣ бахшад. Дар он замони хеле мураккабу пурталотум ва дорои уфуқи норӯшан ояндаро дуруст дарк кардан ва ба хулосаи қатъию солим расидан на ҳар касро даст медод. Таърих гувоҳ аст, ки пас аз амалигардии Инқилоби Октябр ҳазорон ҳазор афроди кишвар бинобар дуруст дарк карда натавонистани  моҳияти тағйироти замон раҳгум зада, ба нокомиҳо ва ба маҳрумиятҳо дучор омаданд…

Иншои шеъри мутантану инқилобии «Марши ҳуррият» қотеъона исбот намуд, ки устод Айнӣ ҷонибдори тағйироти куллӣ дар ҷомеа аст, ҷонибдори он тағйироте, ки пеш аз ҳама, мазлумонро аз ҷабру ситами муштзӯру давлатмандон ва ситамгару истисморгарон озод намояд, ба оммаи васеи халқи заҳматкаш ҳаёти шоиста, озода ва адолатбунёд эҳдо кунад. Шеъри «Марши ҳуррият», ки ба таъкиди адабиётшиносон, дар оҳанги «Марселеза» (шеъри инқилобии коргарони озодихоҳи Фаронса) навишта шудааст, барои тарғиби ғояҳои Инқилоби Октябр ва омодасозии заҳматкашони тоҷик ба мубориза бар зидди истибдоди амирӣ, барои ба вуқӯъ пайвастани Инқилоби Бухоро нақши бағоят муҳим бозидааст. Ин шеъри тантанавӣ зуд шуҳрат ёфта, ҳамагонро сари забон гашт ва тахти амир Олимхонро ба ларза овард. Ин шеър дар таърихи халқи тоҷик дар оғози асри  ХХ марҳилаи муҳимеро оғоз бахшид. «Марши ҳуррият» (марш – суруди тантанавӣ, ҳуррият - инқилоб), ки соли 1918 иншо шудааст,  соли  равон 100 – сола шуд. Дар бораи аҳамияту моҳияти ин шеъри ҷасурона устод Мирзо Турсунзода чунин фармудааст: «Халқи мутеънашавандаи тоҷик асрҳои дароз суруди озодии худро эҷод мекард ва месуруд. Ин суруди ҷовидон ва пурзӯр аз миёни ҳазорон сол чун эстафета аз насл ба насл гузошта, охир дар «Марши ҳуррият» - и Садриддин Айнӣ фурӯ рехт, ки он бар сари халқи озод чун даъват ба пеш, ба сӯи хушбахтии бузурги ҷаҳон, меҳнат ва дӯстии бародарона садо дода буд».

Шеъри «Марши ҳуррият» он замон нидои муассиру қотеъонаи як пешвои муаззами халқро мемонд, ки аҳли ҷомеаро ба фаъолиятмандӣ, ба талош баҳри ҳуқуқу озодиҳои хеш, ба бунёди ҳаёти нав даъват мекард ва аз фарорасии айёми нав, ҷаҳони нав мужда медод:

Эй ситамдидагон! Эй

асирон!

Вақти озодии мо расид!

Муждагонӣ диҳед, эй

фақирон,

Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид!

Ба василаи эҷоди «Марши ҳуррият» (он дар оғоз «Марши озодӣ» низ номида мешуд) устод Айнӣ вазну оҳанги нав ва мавзӯву муҳтавои навро низ вориди адабиёти тоҷик намуд. Ин шеър аз шеърҳои ҷовидонии адабиёти пуровозаву шуҳратёри халқи тоҷик мебошад ва бо гузашти 100 сол боз ҳам баланду пуртаъсир садо медиҳад.

Месазад, ки ба ифтихори 100 – солагии «Марши ҳуррият», ки ба 140-умин солгарди умри пурбори устод Садриддин Айнӣ мувофиқ омадааст, дар таълимгоҳҳо соатҳои тарбиявии махсус, маҳфилу ҳамоишҳо баргузор карда шаванд.

 

Лоҷвар ЭШОНОВА,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш