Нашрияи Омӯзгор

Оинаи рӯзгори мардум

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Китоби номзади илмҳои филологӣ, дотсент Каримбой Комилов таҳти унвони «Вижагиҳои матбуоти маҳаллӣ дар даврони Истиқлол» аз чоп баромад. Муаллиф дар муқаддимаи асар таъкид менамояд, ки матбуоти маҳаллӣ чун қисми таркибии матбуоти даврии замони шӯравии тоҷик ибтидои солҳои сиюми садаи гузашта ба вуҷуд омадааст.   

Китоби мазкур аввалин асарест, ки дар он таърихи таъсис ва ташаккули рӯзнома, сохтор ва рушди он, инъикоси масоили сиёсиву иҷтимоӣ, мазмун ва мундариҷаи рӯзнома, корбасти жанрҳои журналистика, ҳамчунин, давраҳои ташаккули нашрияҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Ҳамзамон, дар китоби мазкур дар бораи таъсис ва рушди матбуоти кӯдакон ва соҳавии вилоят маълумот гирд оварда шудааст.

Китоб аз се бахш иборат аст.

Бахши аввал «Наш-рияҳои шаҳрии вилояти Суғд» унвон дошта,  дар он фаъолияти ҳашт  нашрия - «Тирози ҷаҳон»-и шаҳри Хуҷанд, «Паёми Истаравшан» - шаҳри Истаравшан, «Садои Конибодом»-и шаҳри Конибодом, «Насими Исфара»-и шаҳри Исфара, «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент, «Соҳил»-и шаҳри Гулистон, «Паёми Бӯстон»- и шаҳри Бӯстон, «Навиди Истиқлол»-и шаҳри Истиқлол баррасӣ шудааст. Таҳқиқи фаъолияти нашрияҳои шаҳрӣ аз нигоҳи омилҳои таърихӣ, типологӣ, танзим, таҳлили фаъолияти онҳо яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи журналистика ба ҳисоб меовард.

Бахши дуюми китоби мазкур «Нашрияҳои ноҳиявии матбуоти вилояти Суғд»  номгузорӣ шуда, дар он 10 нашрияи ноҳиявӣ мавриди пажӯҳиш қарор гирифтаанд. Муаллиф матбуоти ноҳиявиро  инъикоскунандаи ҳаёти деҳоту ноҳия, меҳнати саҳро, зисту зиндагӣ, урфу одати сокинони он, ҳамкории ноҳия бо дигар манотиқи кишвар, масъалаҳои ҳуқуқӣ, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии маҳал ва кишвар медонад. Ҳамчунин, муаллиф нашрияҳои  ноҳиявиро тарғибгари кори ҳукумати маҳаллӣ дониста, онҳоро аз рӯи тип ба ду давра ҷудо менамояд: Якум, давраи шӯравӣ, ки аслан, аксари нашрияҳои ноҳиявии вилояти Суғд дар ин давра таъсис ёфтаанд. Дуюм, нашрияҳое, ки дар давраи Истиқлолияти давлатӣ рӯйи чоп омадаанд.

Дар бахши мазкур дар баробари таҳқиқи таъсис, ташаккул, шаклу сохтор, мавзӯю мунтариҷаи 10 нашрияи ноҳиявӣ, ҳамзамон, муаммо, масъала ва мушкилоти онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода,ба хулосаҳои назаррас ва муҳим расидааст. Ба андешаи К.Комилов, бинобар ҷаҳонишавии иттилоот мавқеъ ва нақши ВАО чун яке аз ниҳодҳои муҳимми ҷомеаи муосир афзуда, таъсири он ба тамоми соҳоти фаъолияти иҷтимоӣ, аз ҷумла, ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ, дин ва ғайра муассир мегардад. Муаллиф таъкид менамояд, ки фаъол набудани нашрияҳои ноҳиявӣ холигии муҳити иттилоотии маҳалро ба вуҷуд меорад, ки дар асри технологӣ ҷойи онро зуд дигар манбаъ мегардад.

«Матбуоти бачагонаи вилояти Суғд» бахши сеюми китоби мазкурро ташкил медиҳад.  Дар ин бахш доир ба нашрияи бачагонаи даврии муосири вилояти Суғд - «Лочин», «Ворисони Суғд» ва “Корвони умед” маълумот дода шудааст. Ҳамзамон, дар бахши мазкур доир ба таърихи таъсис ва мазмуну мундариҷаи нашрияи соҳавӣ (тиббӣ) - и вилоят иттилоъ дода, нақши нашрияи “Саломат бошед”- ро дар ташвиқу тарғиби фаъолияти соҳа ва ба ин васила муаррифӣ намудани муваффақияту дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва фаъолияти тиббии вилояти Суғд назаррас арзёбӣ кардааст.

Китоби Каримбой Комилов «Вижагиҳои матбуоти маҳаллӣ дар даврони Истиқлол» ба олимону муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва доираи васеи хонандагон ҳамчун дастури муфид дар шинохти матбуоти соҳавӣ ба ҳисоб меравад.

 

Мутриба Бобоҷонова,

устоди  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш