Дар истгоҳ мунтазири нақлиёт будам. Ду ҷавонписар аз ман каме дуртар бо садои баланд чунон суҳбат мекарданд, ки овозашонро ҳама мешунид. Рафтори духтарони имрӯзаро ба баҳс кашида буданд. Яке ба таърифи духтарон пардохта буду дигарӣ борони таънаю маломатро ба сарашон мерехт. Аз суханҳои писари дуюм чунин бармеомад, ки гӯё ҳама духтарон бадахлоқ шудаанд. Мегуфт, ки духтарон ба нақлиёти ҳар шахси шиносу ношинос нишаста, фикр намекунанд, ки ронандааш чӣ гуна одам аст. Бо эҳсос меафзуд, ки ҳуши ҳамаи духтаронро молу сарват ба худ ҷалб кардааст…
Пас аз шунидани чунин ҳарфҳо бетараф буда натавонистам. Зеро мо, омӯзгорон, ҳамчун узви ин ҷомеа бояд ба ин гуна гуфтаҳои бепоя бархӯрд карда, чашм напӯшем. Ҳамаи духтаронро бадрафтор гуфтан лозим нест, чунки панҷ панҷа баробар намешавад. Албатта, аҳёнан вомехӯранд духтароне, ки рафтори ношоиста доранд. Аммо барои чанд нафар дигар духтарони покдоманро бадном сохтан ба ақли солим рост намеояд.
Дар аксари суҳбату гуфтугӯҳо мардону писарон духтарони шаҳриро бештар танқид мекунанд. Бовар кунед, духтарони шаҳрӣ гуноҳ надоранд, чаро ҳама вақт аз духтарони шаҳрӣ гунаҳкор метарошед? Онҳо ҳам мисли дигар духтаронанд. Кӣ онҳоро бадном мекунад? Баъзе мардони беномусе, ки бо вуҷуди зандориашон духтарони ҷавони бетаҷрибаро фиреб медиҳанд. Дар охир, «ман зан дорам» гуфта, дар чорроҳаи тақдир танҳояшон мегузоранд ва аҳли ҷомеаи суннатии мо низ ҳамаи гуноҳро ба гардани духтар бор мекунанд. Ё ҷавонони булҳавасе, ки бо чанд духтар аз ишқи дурӯғин сухан карда, дар охир ҳамаашонро ноумед мекунанд.
Ман ба писарону мардон гуфтаниям: Шумо бояд занону духтаронро фиреб надиҳед. Охир, онҳо мисли хоҳарону модарони шумоянд. Пеш аз даст задан ба ин кори зишт биандешед, ки чӣ кор мекунед? Оё ин кор дуруст аст?
Ба гулдухтарони тоҷик низ чунин муроҷиат карданиям: Ҳамеша боандеша бошеду дониста қадам гузоред, то ки рӯзе дар биёбони ишқи нохалафе афтида насӯзед. Ҳар як ҳарфатонро санҷида бизанед. Мафтуни сухани ҳар булҳавас нагардед, ҳамеша дар талоши он бошед, ки аз ҷоми ишқи ҳақиқӣ нӯш кунед. Духтарони азиз, бомулоҳиза бошед, дар ишқ ва интихоби рафиқи ҳаёт ба хатоӣ роҳ надиҳед, зеро иштибоҳи яклаҳзаина метавонад ба нохушии якумра мубаддал гардад.
Мастура БЕРДИЕВА,
омӯзгори гимназияи
№53-и ноҳияи
Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр