Нашрияи Омӯзгор

Агар роҳбар фидокор аст…

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Гӯшаеро обод кардан ва ба гулу гулзор табдил додан  кори саҳлу осон набуда, заҳмати зиёдеро талаб менамояд. Сарвари мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Қосимҷон Маллаевро дер боз  мешинохтам.

Ӯ маҳфилорои ҷашну маъракаҳо (ба ҳайси наттоқ) буду абёти Ҳофизу Бедил, Саъдию Ҷомиро бо лаҳни хушу маҳорати баланд қироат мекард. Дар давраи роҳбарии ин шахси наҷиб корҳои таълиму тарбия дар таълимгоҳ ранги дигар гирифтанд. Пеш аз ҳама, сифати таълим боло рафт ва машғулиятҳои устодон бо шогирдон пурсамартар гардиданд. Ба муносибати 55-умин солгарди таъсисёбии мактаб - интернати мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ роҳбарияти мактаб дар муддати начандон тӯлонӣ барои таъмиру азнавсозии гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва бинои ошхонаи он корҳои зиёдеро сомон бахшиданд.

Дар тамоми синфхонаҳои мактаб дару тирезаҳои замонавӣ насб карда шуд. Даромадгоҳи мактаб бо гулу гулбуттаҳои гунонун оро дода шуд. Хонандагон солҳо боз майдончаи варзишӣ надоштанд. Бо ташаббуси бевоситаи сарвари таълимгоҳ Қосимҷон Маллаев хонандагон соҳиби майдончаи варзишӣ гардиданд. Устод шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки имрӯзҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо барои ҷавонони ояндасози  миллат дарси маънавият меомӯзонанд. Дар мактаб бо ҷидду ҷаҳди директор як гурӯҳ омӯзгорони таҷрибанок ва донишманд ҷамъ омадаанд. Собиқ роҳбари мактаб Холмурод Хоҷаев ва ҷонишини директори мактаб, ҷавони боистеъдод Ҷасур Комилов бо эҳтиром  иброз медоранд, ки чунин сарвари хоксору ҳалимгуфтор ва донишманд доранд.

Муаллимони варзидаи ин боргоҳи маърифат Ҷалил Абдураҳмонов, Нодира Тилабова, Ҷамолбӣ Азимова, Ғолибшоҳ Акобиров, Фирӯза Муродовна, Сангинмоҳ Абдураҳимова, Моҳхонум Назирова, Зулайхо Икромова, Дилшод Шамсов ва дигарон дар тарбияи насли наврас пайваста талош меварзанд ва ба комёбиҳои зиёде ноил гардидаан.

 

Фахриддин Гулов,

узви ИЖТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш