Нашрияи Омӯзгор

Пайрави модар

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Меҳри омӯзгориро дар дили Шаҳнози он ҳангом якумхон модараш Сабоҳатхон Мадисоева, ки 40-соли ҳаёти хешро ба тарбияи насли наврас бахшида, ба гирифтани нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон сазовор шудааст,  парварида буд.

Ӯ медид, ки пас аз сариштаи кору бори хона модараш сари миз менишасту китобҳоро варақгардон мекард. Ҳангоми тафтиши дафтарҳои шогирдон ба хаёл мерафт. Ба дарси оянда тайёрӣ медид.

Дар синфҳои болоӣ алоқамандиаш ба касби модару эҳтиромаш нисбат ба пешаи омӯзгорӣ зиёд шуд. Шаҳноз чароғи ҳуҷраи кори модарро ҳамеша фурӯзон медид.

Эҳтироми шогирдон, бо меҳр «муаллима» гуфта муроҷиат кардани хурду калон Шаҳнозро ба фикр мебурд. Орзу мекард, ки чун модар соҳибэҳтироми ҳамагон бошад.

Мактабро тамом кард. Ба факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии ДДХ ба номи Б.Ғафуров ҳуҷҷат супорид ва соли 1990 онро бо дипломи аъло хатм намуд.

Фаъолияти омӯзгории Шаҳноз дар мактаби №17-и шаҳраки Шайдон оғоз ёфт.

Минбаъд фаъолияташро дар литсейи №2 ва гимназияи рақами 1-и ба номи Маҳмудҷон Воҳидов идома дод.

Шаҳноз Каримова соли 2000 дар озмуни «Муаллими сол»-и  ноҳия ғолиб омад ва ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт. Ин ғолибият ба Шаҳноз  гӯё пару бол бахшид. Дар қатори 6 нафар муаллими беҳтарин эътироф гардидан дасту дилашро ба пешааш гармтар сохт.

Бӯи мушк пинҳон намемонд. Ӯро ба донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд ба кор даъват карданд.

Акнун Ш.Каримова ба муаллимон аз таҷрибаи худу модараш, аз хусусияти дарси муосир сухан мегӯяд. Шунавандаҳои  курсҳои бозомӯзӣ аз ӯ қаноатманданд, одоби  муомилаю саводи пухта ва маслиҳатҳои муфидаш писанди ҳамагон аст.

Дар як вақт Шаҳноз Каримова тавассути матбуот андешаҳои наву тозаи худро оид ба методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ дар шакли мақолаҳо дастраси омӯзгорон менамояд... «Шартҳои  таъмини самаранокии курсҳои такмили ихтисос», «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар таълиму тарбия», «Ҷавонон – пайрави Пешвои ваҳдатовар», «Проблемаи тарбияи оилавии насли наврас ва ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Методикаи гузаронидани бозиҳои дидактикӣ дар мавзӯи «Ченакҳои вақт» номгӯи мухтасари мақолаҳои ӯст, ки баҳрабардорӣ аз онҳо хеле судманд мебошад.

Шаҳноз унвонҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Яъне, ҳам худ меомӯзад ва ҳам дигаронро омӯзонад…

Шаҳноз дар оилаи  аҳли зиё ба камол расидааст. Падараш Аъзамҷон Каримов директори генералии  ҷамъияти саҳомии «Кони намак» буданду модар аз аҳли маориф. Ӯ одаму одамгариро, муносибат ба китобу ҳунарро аз ҳамин шахсиятҳои азизи худ ба мерос гирифтааст.

Шаҳноз Каримова чун волидонаш оилаи солиме бунёд кард. Шавҳараш сардори БДА–и  шаҳри Истиқлол буд, аммо дар вақти хизмат ба садама дучор омаду аз ҷаҳон даргузашт. Зарур омад, ки чор фарзандашро худ ба воя расонад. Шукр, ки фарзандонаш номбардори  волидон ва соҳибмаълумоту соҳибэҳтиром шуданд.

Шаҳнозро метавон муаллими муаллимон ном бурд, зеро даҳҳо омӯзгорони вилоят аз ӯ роҳу равиши таълими босамарро меомӯзанду дар амал татбиқ менамоянд.

Машариф Хуҷов,

омӯзгор

Маъруфи Ҳисом,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш