Нашрияи Омӯзгор

Эй Ватан, оғози корам номи ту

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Бозор Ҳафиз аз зумраи омӯзгорони собиқадорест, ки ҳам ба наврасону ҷавонон дарс гуфтаву ҳам дар ҷодаи шеър қалам фарсудааст.

Мавсуф дар деҳаи Деҳбаланди Дуоби ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Соли 1959 ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷикро аз худ намуд. Солҳои зиёд дар муассисаҳои таълимии кишвар ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёт ба фаъолият пардохтаву шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Дар Институти такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ ҳамчун мудири кабинети синфҳои ибтидоӣ кор кардаву чанд муддат сарварии мактаби №63-и ноҳияи Ваҳдатро низ ба зимма доштааст. Дар давоми фаъолияти омӯзгории хеш беш аз сад мақолаи илмию методӣ, дастуру рисола ва китобҳои дарсӣ ба табъ расондааст.

Ҳарчанд Бозор Ҳафиз аз даврони ҷавонӣ ба навиштани шеър машғул буд, ҳеҷ гоҳ намунаеро аз онҳо ба дасти чоп намедод.

Хушбахтона, ба наздикӣ дафтари ашъори Б. Ҳафиз таҳти унвони «Одамиро бод маънои баланд» аз чоп баромад. Маҷмӯаи мазкур аз бахшҳои «Мундариҷа», «Васфи зан-модар», «Шаҳди муддао» ва «Шеър барои бачаҳо» иборат буда, хонанда аз мутолиаи рубоиёту дубайтӣ ва шеърҳо оид ба ҷавонӣ, таҳсил, интихоби касб, ишқи пок, сулҳ, баҳор, Наврӯз, гулу булбул, падару модар, васфи табиати биҳиштосои кишвари азизамон лаззати маънавӣ мебарад.

Дар ин сатрҳо меҳру самимият ва эҳтироми муаллиф ба ин марзу бум равшан тасвир ёфтааст:

Эй Ватан, оғози корам номи ту,

Эй Ватан, ҳарфу шиорам номи ту.

Баҳри фарзандони худ ғамхораӣ,

Пайравӣ дорам ба ҳар иқдоми ту.

Омӯзгори собиқадор дар эҷоди шеърҳои бачагона низ худро санҷида, то ҷое муваффақ ҳам гаштааст:

Илм бувад бахти ту,

Ганҷи туву тахти ту.

Кӯшишу ғайрат кунӣ,

Мекушояд бахти ту.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ, 

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш