«Омӯзгор аз шогирдонаш мефахрад, аз сабзиши донаҳои киштааш меболад». Ин иқтибос аз гуфтаҳои пурҳикмати олими маъруфи рус Д.Менделеев аст ва воқеияти комил дорад.
Дар ҳақиқат, ҳар омӯзгори асил, ки худро зарра-зарра ба шогирдонаш интиқол медиҳад, бо дидани маҳсули заҳмати фидокоронааш – комёбиҳои шогирд сарафрохтаву мамнун мешавад, қаноатманду масрур аз он мегардад, ки азму талошҳояш дар ҷодаи омӯзиши шогирдон бар ҳадар нарафтааст, нахли умеду орзуҳояш боровар шудааст ва шогирдаш қадаме чанд аз ӯ пештар гузоштааст. Комилан дуруст гуфтааст донишманди шуҳратёри немис Фридрих Нитса: «Бадтарин омӯзгор ҳамон аст, ки шогирдонаш то абад шогирд бимонанд».
Ман ифтихормандам, ки омӯзгорам ва солҳои тӯлонист, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон машғулам ва ҳисси ифтихорам боз ҳам меафзояд, чун собиқ шогирдонамро комёбу муваффақ, соҳибмақому шарафманд мебинам. Адиб ва рӯзноманигори хушсалиқа Абдурауф Муродӣ аз зумраи донишҷӯёни фаъолу кӯшои факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ буд. Дар қатори олимони маъруф Х.Мирзозода, М.Аҳмадов, Н.Сайфиев, Ю.Бобоев, С.Саидов… ман ба ӯ аз адабиёти муосир дарс мегуфтам. Ин ҷавони соҳибистеъдод аълохон ва гирандаи стипендияи ленинӣ буд ва ба эҷоди бадеӣ низ дилбастагӣ дошту навиштаҳояш дар нашрияи «Омӯзгори ҷавон»-и донишгоҳ пайваста ба табъ мерасиданд. Ман борҳо дар ҳамоишу ҷаласаҳои устодони факулта бо қаноатмандӣ дар бораи Муродӣ сухан мегуфтаму арзи умед мекардам, ки дар оянда ӯ яке аз шогирдони шарафманди мо хоҳад шуд. Хушбахтона, дар ин пешбинии худ хато накарда будаам. Имрӯз Абдурауф Муродӣ яке аз рӯзноманигорони варзида ва нафаре аз адибони шинохтаи кишвар маҳсуб мешавад ва солҳои тӯлонист, ки дар ҳафтаномаи шуҳратёру собиқадори ҷумҳурӣ «Омӯзгор» ба сифати ҷонишини сармуҳаррир кор мекунад. Навиштаҳои ӯро мунтазам мутолиа мекунаму аз гирумонаш огаҳӣ дорам ва кайҳо боз мехостам, ки ба нишони қаноатмандӣ сатре чанд перомуни фаъолияту эҷодиёташ рӯи сафҳа бирезам. Чанде пеш огаҳӣ дарёфтам, ки китоби тозанашри А.Муродӣ «Пайкори мӯрон» ба дарёфти Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ пешниҳод шудааст. Ин иттилои бароям ифтихорбарангез ҷиҳати амалӣ намудани он тасмими деринам таҳрикбахш гардид.
Одатан ин ё он ҷоиза ба нависанда дар иртибот ба асари ҷудогонааш дода мешавад. Ман бар он назарам, ки дар ин маврид, ҳамчунин, ҷанбаҳои дигари фаъолияти нависанда, чун доираи мавзӯву муҳтавои эҷодиёт, ҳамбастагӣ бо созмонҳои адабӣ, азм дар тарғиби адабиёти бадеӣ, кӯшиш барои густариши ғояҳои созанда… ҳамчун далели илова ба инобат гирифта шавад. Аз ин лиҳоз, Абдурауф Муродӣ комёбиҳову талошҳои назаррасу боровар дорад. Нахуст, ӯ рӯзноманигори муваффақ аст ва солҳои зиёдест, ки дар мавзӯъҳои умдаи рӯз, махсусан, дар масоили мактабу маориф ва адабиёту фарҳанг мақолаҳои ҷолиб ва фарогиру манфиатбахш менависад ва ҳамзамон, дар вазифаи масъулиятбори ҷонишини сармуҳаррир кор мекунаду дар таҳриру таҳияи мақолаҳо, вусъатбахшии мазмуну мундариҷаи нашрияи маъруфи «Омӯзгор» пайваста ҳиссагузорӣ менамояд. Ман огаҳӣ дорам, ки қалами таҳрири А.Муродӣ амиқрав аст ва дар «пухта» шудани навиштаҳои муаллифони гуногуни нашрия нақши амиқ мегузорад. Имрӯз, ки саҳлангорию муғлақбаёнӣ дар навиштаҳои бисёр қаламкашон ба мушоҳида мерасад, будану фаъолият дош-тани рӯзноманигороне чун А.Муродӣ дар ҳар нашрия бағоят муҳим аст. Инро ҳам зикр бояд кард, ки таҳриру такмили мақолаҳо дар наш-рия кори хеле вазнину сангин буда, таҳаммулу сабурӣ ва сарфи вақти зиёдро тақозо дорад. Аз ин ҷост, ки дар айни замон ба эҷоди бадеӣ машғул шудани рӯзноманигор худфидоиву азму иродаи қавӣ мехоҳад. Ба арсаи адабиёт ворид гаштани истеъдодҳо тавассути ҷодаи рӯзноманигорӣ дар муҳити адабии мо, балки дар паҳнои адаби ҷаҳон ҳодисаи маъмул ва мақбул аст. Аксари адибоне, ки аз ин тариқ ба адабиёт пайвастаанд, муваффақанд ва таҷрибаандӯхтаву соҳиб-заминаанд ва дар бархӯрд ба заҳмати сухангустарӣ устуворанд. Ин нуктаро дар мисоли эҷодиёти А.Муродӣ низ дар арсаи адабиёт метавон ба мушоҳида гирифт. Ҳикояҳои ӯ дилчаспу хушрангуборанд, ғолибан мавзӯъҳои ҷолибу ҳаётиро дар бар мегиранд, бандубасти устувору ҳунармандона доранд ва забону тарзи баёнашон саҳеҳу равшан аст. Махсусан, ҳаҷвияҳои ин адиби хушқалам шоистаи таваҷҷуҳанд ва метавон гуфт, ки жанри ҳаҷвро дар адабиёти муосири тоҷик хеле вусъат бахшидааст. Ӯ аз умумигӯӣ, корбурди алфози кӯчагию носуфта ва таҳқиромез, ки мутаассифона, дар бисёр навиштаҳои ҳаҷвгунаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва бештар дар саҳифаҳои ҳаҷвии телевизионӣ шунида мешаванду табъи касро хира мекунанд, худдорӣ мекунад ва ҳаргиз аз меъёрҳои забони адабию доираи одоби баён берун намеравад.
Ва дар айни замон аз ибораву ифодаву вожаҳои мувофиқу ҳадафгир ва аксаран печида ба чанд маънӣ истифода бурда, ҳаҷвияҳояшро намакину дилнишин ва нишонрасу корагар месозад, ки ин ҳунари хеле баланд аст. Аз ин ҷост, ки китобҳои ҳаҷвиёти А.Муродӣ бо номҳои «Аз нешханд то нӯшханд», «Анори дона-дона», «Шукуфти ғунчаи лабҳо», «Чошнӣ», «Дарункӯб», «Хандадара» ҳам аз ҷониби хонандагон гарм пазируфта шуданд ва ҳам ба баҳои баланди адабиётшиносону қаламкашон сазовор гардиданд. Ва инак, сухане чанд оид ба китоби нави ин адиби ҳаҷвнигор, ки бо номи «Пайкори мӯрон» (Душанбе, «Ирфон», 2018) ба нашр расидаасту метавон гуфт, ки марҳилаи тозаеро дар фаъолияти эҷодии ӯ ифтитоҳ намудааст. Ин китоб, ки наздик ба ҳазор нуктаи ҳаҷвиро дар бар мегирад, дар адабиёти муосири тоҷик ҳамгуни худро надорад ва сухану китоби нав аст. Ба иттифоқи аҳли таҳқиқи адабиёт, ҳаҷв худ жанри нисбатан душвору тавъам ба ҳунари баланд аст ва аз ҷумла, кӯтоҳбаёниро тақозо дорад. Ин ҷо ҳар вожа бояд бамавриду устувормантиқ гуфта шаваду аз лиҳози маънӣ пурбор бошад ва як калимаи андаке бемаврид ё барзиёд метавонад ҳусни баёнро ҷиддан коҳиш бубахшад, суханро сактадор бисозад. Нуктаҳое, ки дар китоби «Пайкори мӯрон» фароҳам оварда шудаанд, ҳар кадом аз як-ду ҷумла беш нестанд, вале пурбори маъниянд, лабрез аз лутфу малоҳат, танзу киноя ва тамасхуранд, пайконҳоеро мемонанд, ки бехато ба ҳадаф мерасанд. Хирадмандон як нишонаи истеъдодмандии адибро дар кӯтоҳбаёнии ӯ донистанд. Ба ин маънӣ Фирдавсии бузургвор, ки доди сухан додааст, чунин гуфтааст:
Дигар гуфт: «Равшанравон он
касе,
Ки кӯтоҳ гӯяд ба маънӣ басе».
Нуктаҳои ҳаҷвии китоби «Пайкори мӯрон» аз нигоҳи мавзӯъ низ фарохдомананд ва бештарӣ дар мазаммату танзу танқиди каҷравону каҷамалон, бадтинатону нотавонбинон, қаллобону ҳаннотон, дурӯғгӯёну фиребгарон, порахӯрону бешарафон, тахрибкорону хушомадгӯён, дурӯяҳову ҳарзагӯён… гуфта шудаанд. Ҳадаф аз ин нуктаҳои нешдор фош кардани афроди зиёновари ҷомеа, танқиди онҳо ва ба роҳи росту рафтору кирдори нек даъват бинмудани ин тоифа мебошад. Аз ин лиҳоз, ба ин чанд нукта таваҷҷуҳ намоед: «Тарсу ҷуръат карда ба машқи шиноварӣ пардохт: дар тағора», «Як одами чашмгурусна бинед, чиҳо кард! Худо накунад, ки ғалбер чашмгурусна шавад», «Дурӯғгӯй чун дарахтест, ки бе шамол ҳам меҷунбад», «Аз дили вайрони ӯ ҳатто ҷуғз ҳаросид», «Пиёз чанд қабат ҷома дошта бошад ҳам, чун феъли бад дорад, хунук мезанадаш», «Халтаи гарони ордро озод бардошта бошад ҳам, ба гаронии нархи он тоб оварда натавонист», «Саг аз гул ҳам бӯи устухон тамаъ дорад»…
Як гурӯҳ нуктаҳои «Пайкори мӯрон» лутфи сухананд, лутфи хеле латиф ва фараҳбахш. Лутфи латиф як шохаи ҳаҷв аст, ҳаҷви беозор, ҳаҷве, ки бештар бадоҳатан гуфта мешаваду ҳадафаш «тафсондан»-и суҳбат ва муҳити гуворост. Ин гуна нуктаҳоро ғолибан дӯстону ашхоси нексиришт ва чеҳраҳои маъруфу шинохта мухотабанд…
Тоҷикон табиатан мардуми зиндадилу зарифтабъанд, ҳазлу ҳаҷвро меписанданд, нишастҳояшон, суҳбатҳояшон лабрез аз шӯхию ханда аст. Дар адабиёти дирӯзину имрӯзини тоҷик низ ҳаҷв мавқеи назаррас дорад. Хонандагону ҳаводорони ин жанри муборизу созандаи адабиёт нисбатан зиёданд. Вобаста ба ин, ба ҳаҷв машғул шудану осори дилчаспу мақбулу ҳунармандонаи ҳаҷвӣ офаридан барои ҳар қаламкаш камоли ифтихормандист. Адиби муваффақ А.Муродӣ аз ин лиҳоз дастовардҳои шоиста дорад ва барои равнақи бахши ҳаҷви адабиёти муосири тоҷик пайваста ҷидду ҷаҳд менамояд. Ҳаҷви адабиёти солҳои охирамонро наметавон бидуни нигоштаҳои навоваронаву ҷаззоб ва пуробуранги ин қаламкаши ҷӯяндаву ёбанда арзёбӣ ва баррасӣ кард.
Махсусан, китоби «Пайкори мӯрон»-и ӯ ба маъруфияти бештар пайдо кардани ҳаҷви адабиёти тоҷик ва аз лиҳози мазмуну муҳтаво, услубҳои бадеӣ, вусъати назар ва ҳадафмандӣ боз ҳам такмил ёфтани он мусоидат мекунад. Муаллифи ин китоби ҷолибу муассир , бешубҳа, сазовори Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад, зеро ҳар навоварию тозакориеро подоше сазовор мебояд.
Садриддин НУРЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ,
адабиётшинос,
Корманди шоистаи
ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр