Нашрияи Омӯзгор

Гулшани ҳамешабаҳор

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Мактаб даргоҳест, ки дар оғӯшаш хурдон бузург ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест фарде, ки сабақи устоде нагирифта, ба ҷое расида бошад.

Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассусути заҳмати устодони накукор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдоранд. Омӯзгоронанд, ки дар ҳамаи мактабҳои миёнаву  олӣ ва кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ бо тарғиби илму дониш ҳамаро ба некию накукорӣ ва фарҳангдӯстӣ даъват мекунанд.

Ҳар як инсон дар зиндагӣ ҳамеша ба чизе эҳтиёҷ дорад. Агар барои инсон, пеш аз ҳама, муҳити хуби хонаводагӣ, хуроку пӯшок ва тансиҳатӣ лозим бошад, барои мактаб омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд. Файласуфи маъруф Арасту гуфтааст: «Омӯзгорон аз волидон бартарӣ доранд: волидон ба мо танҳо ҳаёт мебахшанд, омӯзгорон-ҳаёти хушбахтона». Мактаб гулшани ҳамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулҳои зинатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист. Инсон фарзанди замин аст ва эҳтиёҷ ба мардуми заминиву хирадманд дорад, эҳтиёҷ ба илму адаб ва покию росткорӣ дорад, ки онро маҳз дар даргоҳи маърифат – мактаб меомӯзанд.

«Лола худ рӯяд, моҳӣ худ шино кунад, магас худ парвоз кунад, кирми шабтоб худ нур барорад, аммо одам барои инсони комил шудан бояд омӯзад» - таъкид карданд бузургон.

Ҳар як инсони комилҳуқуқ бояд, ки аз даргоҳи мактаб гузарад, илм омӯзад, тарбияи дуруст гирад, вагарна бемаърифату бедонишу нодону ноқис ба воя мерасад.

Ҳама аъмоли неки инсон - шодмонию соҳибхирадӣ, бузургиву накуандешӣ ва росткориву бузургдилӣ маҳз аз мактаб маншаъ мегиранд. Мавқеи волои  мактабро арҷу гиромӣ доштан қарзи ҳар як инсони соҳибхирад аст.

Айём МУРОДОВ,

директори мактаби №19, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш