«Нахустқадами огаҳмандонаи ҳар шахс ба ҷодаҳои ҳаёт маҳз дар мактаб гузошта мешавад. Мактаб дари илму донишро ба рӯи кас боз мекунад, ӯро аз оламу одам огаҳ месозад, тафовути неку бадро тафсир мебахшад ва ба ростиву росткорӣ ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ, оне, ки мактабро дӯст медорад ва дар оғӯши гарми таълимгоҳ бо ҷидду ҷаҳд таҳсил мекунад, дар оянда, дар шебу фарози зиндагӣ ҳамеша комёб хоҳад буд», - чунин андеша дорад омӯзгори варзидаву собиқадор Маҳмадшоҳ Соибов ва ин нуктаҳои маъниборро пайваста ба шогирдонаш таъкид менамояд. Ӯ беш аз сӣ сол аст, ки ба таълиму тарбияи насли наврас гаравидааст. Ба шогирдон аз фанҳои таъриху ҳуқуқ дарс мегӯяд; фанҳое, ки яке худогоҳию хештаншиносиро меомӯзаду дигаре дар зиндагӣ фаъолу комёб буданро замина мегузорад. М.Соибов омӯзгорест пухтакору санҷидагӯй ва тозакор. Солҳои тӯлонист, ки ба ҳар як дарсаш бо хонандагон чун ба дарси нахустинаш омодагӣ мегирад. Ба машғулиятҳояш бо як даста китобу варақа ва иқтибосномаҳову ашёи ҷолиби марбут ба таъриху ҳуқуқ ҳозир мешавад. Ҳамвора ба он мекӯшад, ки ҳар дарсаш шавқовару хотирмон ва саҳеҳу фаҳмо бошад ва ба ин муваффақ ҳам шудааст.
Соҳибэътибор аст байни мардум ин устоди накуном. Нек медонад, ки ҳамагон ба омӯзгор эътиқодманданд, ӯро раҳнамою хирадсолор мехонанд. Аз ин рӯ, омӯзгорро мебояд, ки сазовор ба ин бошад, ҳамеша омӯзад, дар рафтору гуфтор ба ноқисие роҳ надиҳад, маслиҳатгару дастгири маънавии аҳли ҷомеа бошад.
Устод Маҳмадшоҳ Соибов хатмкардаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ мебошад. Солҳои 2005-2014 директори мактаби №43-и деҳаи Порвоғ буд. Ҳоло дар қатори беҳтарин устодони ноҳия шинохта мешавад. Омӯзгороне чун М.Соибов сарвати маънавии маҳали хеш эътироф мешаванд ва ҳамагон ифтихор мекунанд, ки чунин устоди соҳибхирад ва инсоне комил дар канорашон зиндагӣ дорад.
А.Илёспур,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр