Нашрияи Омӯзгор

Усулҳои хаттӣ ва намоишӣ дар таълим

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Агар мо, омӯзгорони физика, аз усулҳои хаттӣ ва намоишӣ дар таълими физика бо таври пурра истифода барем, машғулиятҳояшон бо шогирдон бештар самаровар хоҳанд шуд.

Усули хаттии таълимии физика дар муассисаҳои таълимӣ асосан ҳангоми гузаронидани кори лабораторӣ, ҳалли масъалаҳо, кори санҷишӣ, диктанти физикӣ истифода мешавад. Мақсади асосии таълими хаттии физика аз он иборат аст, ки хонандагон донишашонро мустақил, вале зери назорати омӯзгор омӯзанд. Аз мазмуни ин усул маълум мегардад, ки хонандагон ҳангоми мустақил омӯхтани таълими меҳнат меҳнатдӯст мешаванд, шуури  онҳо инкишоф меёбад ва аз ҳама муҳимаш, аз тамоми маводи таълимӣ асосиашро омӯхта метавонанд. Ин усулро ҳангоми гузаронидани кори санҷишию диктанти физикӣ низ татбиқ кардан мумкин аст. Зеро донишҳои назариявии худро хонандагон на танҳо амалан татбиқ менамоянд, инчунин, аз шарти масъала ва мазмуни диктанти физикӣ маълумоти нав мегиранд.

 Бинобар ин, ҳангоми истифодабарии асбобҳои физикӣ хонандагон аз рӯи маълумотномаҳо ба сохт ва принсипи кори асбобҳои истифодашаванда шинос мешаванд. Тарзи таҷрибагузарониро ёд мегиранд ва аз рӯи супориши омӯзгор дар синф, берун аз муассиса ва дар хона таҷрибаҳо гузаронида маълумоти иловагӣ мегиранд. Хусусан, ин усул ҳангоми гузаронидани корҳои мустақил татбиқи васеъ пайдо мекунанд.

 Қайд кардан лозим аст, ки ҳамаи усулҳои донишомӯзӣ ба ҳамдигар алоқаи зич доранд ва муҳим мақсаднок истифода бурдани онҳост.

 

Дилбар ҶАЛИЛОВА,

 омӯзгор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш