Нашрияи Омӯзгор

Робитаи волидон бо мактаб суст аст

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 27-и ноҳияи Файзобод дар мавзӯи «Нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷамъомад бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва волидони хонандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки падару модарон дар тарбияи фарзандони худ бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Натиҷа ҳамин аст, ки фарзандони онҳо даст ба амалҳои ношоиста зада, ҷиноятҳои гуногун содир менамоянд. Сабаби паст будани донишу малакаи ҷаҳонбинии хонандагон истифодаи бемавқеи телефонҳои мобилӣ, тамошои филмҳои моҷароҷӯёнаю саргармкунанда ва дар кӯчаю роҳҳо беҳуда гаштани онҳо мебошад. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки алоқаи падару модарон ба муассисаҳои таълимӣ суст ба роҳ монда шуда, волидон аз донишомӯзии фарзандон огаҳии амиқ надоранд. Ҳатто, рӯзномаю дафтарҳои кории фарзандонро аз назар намегузаронанд, ки  ин боиси нигаронӣ ва ташвиш аст.

Ҳокими Сафар,

ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш