Бахшида ба 140 - солагии поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конфронси илмӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ - мутафаккир, маорифпарвар ва олими барҷаста» бо иштироки олимону донишҷӯён баргузор гардид.
Қайд шуд, ки сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Айнӣ чун асосгузори адабиёти реалистии тоҷик барои ҳимояти башарият ва мудофиаи мардуми ранҷбар аз зулму истисмор далерона мубориза бурд ва бо асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва публитсистии худ роҳи наҷот ва озодии онҳоро нишон дод.
Тибқи барномаи конфронс мудири кафедраи забони тоҷикӣ Аслам Каримов дар мавзӯи «Партаве дар ҷаҳони маърифат», профессор Туғрал Шокиров таҳти унвони «Асилвожаҳои тоҷикӣ дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ» ва устоди кафедраи забони тоҷикӣ Абдухолиқ Мирниёзов бобати шарҳи мусбати замон дар «Ҷаллодони Бухоро» суханронӣ карданд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Партаве дар ҷаҳони маърифат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр