Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши ҳадафманди математика

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Математикаи мактаби ибтидоӣ ҷузъи таркибии математикаи умумӣ буда, аз маҷмӯи мафҳумҳо, қонунҳо, назарияҳои ҷудогона иборат аст.

Мақсади умумии таълими ин фан дар мактаби таҳсилоти ибтидоӣ инҳоянд:

- ташаккули шахсияти кӯдак ба воситаи мазмуни курси математика, ташаккули фаъолияти идрок ва коммуникативӣ, инчунин, тайёрӣ ба мустакилона аз бар намудани дониш, меҳнат, фарҳанг ва таърихи чомеа;

- инкишофи тафаккури математикӣ, сифатҳои маънавӣ ва инсонии хонандагон;

- тайёрии ҳаматарафаи хонандагон барои давом додани таҳсил дар мактаби асосӣ ва истифодаи донишҳои математикӣ дар ҳаёт ва ғайра.

Дар таълими математика истифодаи бозиҳо омили муҳим аст. Барои мисол бозии «Курсии сеҳрноки математикӣ»-ро мисол меоварем. Ин бозӣ имкон медиҳад, ки хонандагон периметрии росткунҷа, квад-рат ва секунҷаро ҳисоб карда тавонанд.

Тартиб:

- Барои мустаҳкам шудани донишҳои хонандагон оид ба мавзӯъҳои гуногун омӯзгор хонандагонро ба давра даъват мекунад;

- Яке аз хонандагон ихтиёран мафҳуми «росткунҷа»- ро интихоб карда, худро ба ҷойи он мегузорад ва ё дар курсии байни давра менишинад;

Хонандаи дар байни давра нишаста пурра номи «росткунҷа»-ро ба худ мегирад ва нақши онро мебозад:

Хонандагони дигар бо навбат ба «росткунҷа» саволҳои мувофиқ медиҳанд.

Масалан:

Хонандаи 1:

- Эй росткунҷа, ту чанд тараф дорӣ?

«Росткунҷа»:

- Ман чор тараф дорам.

Хонандаи 2:

- Эй росткунҷа, ту аз секунҷа чӣ фарқ дорӣ?

«Росткунҷа»:

- Секунҷа се тараф ва се қулла дорад, ман бошам, чор тараф ва чор қулла.

Хонандаи 3:

- Эй росткунҷа, периметри туро чӣ тавр ҳисоб карда метавонем?

«Росткунҷа»:

- Барои ёфтани периметри ман дарозии чор тарафи маро ҷамъ кардан лозим аст.

Хонандаи 4:

- Эй росткунҷа, агар дарозиат 5 см ва барат 7 см бошад, пас периметрат чанд мешавад?

«Росткунҷа»:

- Агар дарозиам 5 см ва барам 7 см бошад, пас периметри ман ба 24 см баробар мешавад....

Фаъолияти «Курсии сеҳрнок»-ро барои ноил гардидан ба дигар натиҷаҳои таълим низ истифода кардан мумкин аст.

Нодира Нозирова,

омӯзгори мактаби №42-и

ноҳияи Фирдавсӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш