Маълум, ки таълиму тарбия ду рукни муҳиму асосии фаъолияти ҳамешагии омӯзгоронанд. Дар ин мавзӯъ муҳаққиқону педагогҳои зиёде изҳори ақида кардаву асарҳои муфиду муҳтавоманд офаридаанд.
Пеш аз ҳама, таъкид шуда, ки зимни тафсиру баррасии таълиму тарбия, нақшу моҳият ва аҳамияти онҳо набояд ба яке афзалият дод: ҳар ду ҳам муҳим ва дар ташаккули зеҳниву маънавӣ ва ҷисмонии хонанда омилҳои меҳварианд. Воқеан ҳам, таълиму тарбия, ба масал, ду тори як асбоби мусиқиро мемонанд, ки бояд ҷӯр бошанд ва агар яке сусту ноҷӯр бошад, садо лакнатдор мешавад. Дар нигоҳи сатҳӣ чунин ба назар мерасад, ки қисми зиёди машғулиятҳои омӯзгор бо шогирдон ҳамбаста бо таълиму омӯзиш аст, вале аслан ин гуна нест, зеро ҳар ҳарфу ҳиҷои омӯзгор ҳангоми таълиму омӯзиши ин ё он мавзӯъ ҳатман ҷанбаи тарбиявӣ дорад. Масалан, агар дар синфҳои ибтидоӣ омӯзгор зимни таълими мавзӯи «Ҷумла» барои таҳлил ба хонандагон ҷумлаи «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт»-ро пешниҳод кунад, албатта, мазмуни он ба зеҳни хурдтаракон бетаъсир намемонад. Омӯзгори варзида дар баробари таҳлили забонии ҷумлаи мазкур (мисраи машҳури устод Мирзо Турсунзода) ба хонандагон сухане чанд оид ба мазмуни он мегӯяд ва зимнан аз онҳо хоҳиш мекунад, ки чанд ҷумлаи дигар дар бораи дӯстиву рафоқат бигӯянд.
Чунин ба назар мерасад, ки дар синфҳои ибтидоӣ, ки овони ташаккулу такомули ҳаматарафаи хонандагон аст ва онҳо ҳукми ниҳоли навбарро доранд, ба масоили марбут ба тарбия таваҷҷуҳи бештар бояд дод. Шоири тавонои адабиёти классикиамон Абӯшакури Балхӣ таъкид кардааст:
Дарахте, ки хурдак бувад,
боғбон
Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.
Чу гардад калон, боз
натвонадаш,
Ки аз каҷҷию хам
бигардонадаш.
Дар зинаи аввали таълим хонанда айёми асосиву фаъоли шаклгириву заминагузории маънавию ҷисмонии худро паси сар мекунад. Чунонки аз мазмуни қитъаи боло бармеояд, ин давра дар ҳаёти хонанда ва тақдири минбаъдаи ӯ нақши асосӣ мебозад; дарахти хурд бояд дар заминаи парвариши шоиста росту дурусту бенуқсон бисабзад, самараи дилхоҳ бор оварад.
Албатта, дар ин кор омӯзгор, маҳорату малака, таҷриба ва сатҳи дониши ӯ омили ҳалкунанда аст. Омӯзгор бояд ҳаргиз аз омӯхтану такмили ихтисос фориғ набошад. Илова ба фанҳои тахассусиаш ӯро зарур аст, ки асосҳои фанҳои педагогикаю психологияро хуб донад, то шогирдонашро аз ҳар ҷиҳат омӯхта тавонад ва вобаста ба ин бо онҳо корбарӣ намояд. То ҳар як шогирдашро (хулқу атвор, сатҳи истеъдоду қобилият, одату майлҳои ӯро) амиқ наомӯзад, омӯзгор дар таълиму тарбияи хонандагон ба комёбӣ мушарраф нахоҳад гашт. Хушбахтона, бо ибтикору азми гурӯҳе аз олимони педагоги тоҷик солҳои охир як силсила китобу дастурҳои муфид ба забони тоҷикӣ оид ба асосҳои педагогикаю психология ва нақши ин фанҳо дар ҷараёни таълиму тарбия ба нашр расиданд, ки ин кори омӯзгоронро то ҷое сабук мекунад, барои такмили ихтисоси онҳо шароити созгор фароҳам меоварад. Бузургонамон дар бораи тарбияи нек ва одоби ҳамида таълифоти фаровон доранд. Ҳама таъкид бар он кардаанд, ки дар баробари таълими фарзанд ба одоби ӯ, ба тарбияташ бояд диққати ҷиддӣ дод. Гуфтаанд, ки беодоб ҳаргиз донишманд нашавад. Ҳофизи малакутӣ гуфтааст, ки «Ҳар киро нест адаб, лоиқи суҳбат набувад».
Воқеан ҳам, таълиму тарбия тавъаманду ҳамдигарро комил мекунанд ва аз ин рӯ, дар ҷараёни фаъолияташ дар мактаб омӯзгор лаҳзае набояд ин нуктаи муҳимро сарфи назар намояд.
Саломатхон ЗУЛФИҚОРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №92-и ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр