Ҳиҷо яке аз воҳидҳои асосии савтиёт ба ҳисоб меравад. Инчунин, ҳиҷоро воҳиди хурдтарини талаффуз низ мегӯянд.
Ниҳоят, ҳиҷо аз он сабаб воҳид ном гирифтааст, ки вай танҳо аз силсилаи овозҳои пайиҳамомада иборат нест, балки маҷмӯи овозҳое мебошад, ки онҳоро ягон хусусияти умумӣ муттаҳид месозад ва ин хусусият нақшаи ягонаи талаффузи овозҳои таркиби ҳиҷо аст, ки тавассути он ҷараёни тавлиди нутқ идора карда мешавад.
Дар забони англисӣ байни навиштан ва талаффуз намудан фарқияти хеле бузург мушоҳида карда мешавад. Калимаҳое мавҷуданд, ки дар онҳо ҳарф навишта шуда, дар овоз талаффуз намешавад. Ҳиҷо дар забони англисӣ сохтори ба худ хосро ҳовӣ мебошад. Барои дуруст ва бехато талаффуз намудан ва ё аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳои забони англисӣ қоидаҳои асосии зеринро бояд риоя намуд:
1. Қоидаи якуми тақсимоти ҳиҷо дар забони англисӣ аз ҳарфҳои садоноки калима вобастагӣ дорад, яъне, дар калима ҳар қадар садонок бошад, ҳамон қадар ҳиҷо мавҷуд аст:
ba-by, po-ta-to, hec-tic, hel-minth, hel-met, wis-dom, win-ter, sum-mer, win-dow.
Чӣ тавре ки мебинем, дар ҳар як ҳиҷо як садонок мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин қоида, ҳолатҳое ҳастанд, ки садонок дар калима навишта шуда, талаффуз карда намешавад. Дар ин сурат ин гуна калимаҳо ба як ҳиҷо тақсим мешаванд. Масалан, take, give, date, fate, rate, name, gate, kale etc.
2. Бояд дар хотир дошт, ки дар ҳиҷои калимаи англисӣ садонок метавонад тамоман вуҷуд надошта бошад. Ин гуна ҳиҷоро ҳамсадоҳои сонорӣ, яъне, ба маънои дигар димоғӣ [l], [m], [n], [r], [j], [w] сохта метавонанд:
rhy-thm, Bri-tain, al-go-ri-thm, bi-o-rhy-thm, lo-ga-ri-thm, bi-rd, lo-ng, ca-lf, pa-wn, pe-lt, fo-lk, ha-ng, ha-wk, vau-lt vau-nt, he-lm.
Дар бораи саҳми ҳиҷосозии ҳамсадоҳои сонорӣ сухан ронда, ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки онҳо вазифаи ҳиҷосозиро танҳо дар мавридҳое иҷро менамоянд, ки дар ҳиҷо садонокҳо бо онҳо алоқае надошта бошад. Агар садонок пайдо шавад, ҳамсадоҳои сонорӣ вазифаи ҳиҷосозиро ба садонок дода, аз он ҳуқуқ маҳрум мешаванд:
mi-lk – mil-ky, si-lk – sil-ky, su-lk – sul-ky, bu-lk – bul-ky
3. Калимаҳое, ки бо -er (америкоӣ) ё –re (британӣ) ба охир мерасанд, дар шакли зерин ба ҳиҷо ҷудо карда мешавад:
thea-tre, cen-tre, li-ter, me-tre, a-cre, cen-tre-fold, di-op-ter, lus-tre, mi-tre, ni-tre, phil-tre, salt-pe-tre, scep-ter, spec-tre, fi-bre, ca-li-ber, tim-bre.
4. Қоидаи як ҳамсадо. Ҳангоми тақсимоти ҳиҷо овози ҳамсадои мобайнӣ ба ҳиҷои тарафи рост гузашта, ҳиҷои ояндаро мекушояд:
tu-tor, mu-sic, pu-pil, dra-per, he-lix, wi-per, wa-der
5. Қоидаи як садонок. Дар забони англисӣ ҳиҷо метавонад аз як садонок иборат бошад:
a-bout, o-pen, i-tem, u-surp, u-to-pia, u-vu-la, o-paque, o-nus, i-dea, i-bis, i-den-ti-ty, i-dle, i-cicle, e-cho, e-dict, e-dit, e-bo-ny, a-lert, a-kin, a-lign, a-like, a-gog, a-gar.
6. Қоидаи ҳамсадои l. Агар дар мобайн ду ҳамсадо ояд ва яке аз онҳо ҳамсадои l бошад, он гоҳ ҳамсадои l бо он ҳамсадо ба як ҳиҷо мегузаранд:
sta-ble, ta-ble, ca-ble, tre-ble, trem-ble, trou-ble, tum-ble, un-a-ble, vi-a-ble, vi-si-ble, vo-ca-ble, whee-dle, hur-dle, nee-dle, la-dle, cra-dle, sin-gle, smug-gle, snug-gle.
7. Қоидаи се ва ё зиёда ҳамсадо. Агар дар мобайни калима се ҳамсадо мавҷуд бошад, он гоҳ ҳиҷои оянда пӯшида ҳисоб ёфта, ба таври зайл ҳиҷобандӣ карда мешавад:
lit-tle, un-dress, mid-dle, rid-dle, swin-dle, snuf-fle, vin-tner, wag-gle, wrig-gle, strug-gle, squig-gle, fid-dle, mud-dle, swin-dle, stip-ple, ap-ple, sup-plant, sup-ple, sul-phur.
8. Қоидаи якҷояшавии ҳамсадоҳои ld ва nd. Агар ҳамсадоҳои зерин бо ҳам якҷоя оянд, он гоҳ онҳо метавонанд худ як ҳиҷоро ташкил намоянд:
le-nd, su-spe-nd, rou-nd, ha-nd, se-co-nd, la-nd, gra-nd, te-nd, mi-nd, gla-nd, co-ld, bo-ld, fie-ld, ki-nd, mi-ld, bui-ld, ho-ld, chi-ld, wor-ld, o-ld, cou-ld, a-nd, wi-ld.
Меъёрҳо ва қоидаҳои дар боло овардашуда на танҳо дар калимаҳои сода, балки ҳангоми таҷзияи ҳиҷоҳои калимаҳои сохтаю мураккаб низ ба кор мераванд.
Ҳангоми омӯхтани қоидаҳои зикршуда шахс метавонад на танҳо аз ҷиҳати савтиёт, балки ҷиҳати донистани имло худро такмил диҳад.
Ш.ҚАҲҲОРОВ,
аспиранти ДДХ ба номи Б. Ғафуров, омӯзгори забони англисӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр