Дар синфи дуюм хонандагон пеш аз он ки аз рӯи расм ба навиштани иншо шурӯъ кунанд, аввал онро меомӯзанд, яъне, расмро бодиққат аз назар гузаронида, мувофиқи саволҳои муаллим мазмуни умумии онро муқаррар менамоянд.
Омӯзгор ба шогирдон таъкид мекунад, ки калимаю ибораҳои заруриро худашон ёфта, дар тартиб додани саволҳо фаъолона ширкат намоянд. Хонандагони синф аз рӯи як расм ё гурӯҳи расмҳо иншо менависанд. Омӯзгор хусусияти иншоро каме душвортар мекунад. Масалан, мавзӯи «Мактаб ва бачагон» дар се расм тасвир ёфтааст. Расми якум - хонандагон ба мактаб мераванд, расми дуюм - хонандагон аз мактаб баромада истодаанд, расми сеюм - хонандагон дар ҳавлии мактаб бозӣ мекунанд.
Пас аз овехтани расмҳо дар тахтаи синф бо бачаҳо саволу ҷавоб ташкил карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки хонандагон мазмуни ҳар як расмро алоҳида – алоҳида азхуд намоянд. Саволҳо оид ба расмҳо метавонанд ин тавр бошанд: расми якум: Дар расм киҳо тасвир ёфтаанд? Бачаҳо ба куҷо рафта истодаанд? Расми дуюм: Бачаҳо аз куҷо баромада истодаанд? Расми сеюм: Бачаҳо дар куҷо бозӣ мекунанд? Онҳо чӣ хел бозӣ карда истодаанд? Хонандагон ба ин саволҳо аз рӯйи расмҳо аллакай ҷавобҳои мувофиқро фикр карда меёбанд.
Омӯзгор ҷавобҳои хонандагонро ба тахтаи синф наменависад, фақат баъзе калимаҳоро аз ҷиҳати имло шарҳ медиҳад. Масалан, аз ҷавоби охирин калимаи тӯббозиро гирифта, бо ду ҳарфи «б» навишта шудани онро эзоҳ медиҳад, то ин ки бачаҳо минбаъд дар навишти ин калима ба хато роҳ надиҳанд. Баъд аз ин, омӯзгор ба бачаҳо мефармояд, ки аз рӯи ин расмҳо иншои мухтасар нависанд.
Иншо аз рӯи расм дар синфҳои сеюм ва чорум хусусиятҳои нисбатан мустақил дорад. Худи талабагон расмро бодиққат омӯхта, нақша тартиб медиҳанд, калима ва ибораҳои зарурӣ интихоб мекунанд. Инчунин, баъзе лаҳзаҳоеро, ки дар расм тасвир ёфтаанд, пурра мекунанд.
Расм (тасвири манзара) воситаи хуби дидактикӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ қариб дар ҳамаи дарсҳояшон аз он самаранок истифода мебаранд. Омӯзгорони таҷрибадор расмҳоро ба мақсади луғатомӯзӣ, тартиб додани ҷумла ва нақли даҳонакӣ истифода мебаранд.
Иншонависӣ аз рӯйи расм маҳорати муҳокимаронии онҳоро зиёд менамояд. Вай омили беҳтарини инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттии хонандагон ва зиёд гардидани завқи эстетикии онҳо мебошад.
Зубайда Маҳмудова,
Момаҷон Хоҷаева,
омӯзгорони синфҳои ибтидоии
мактаби №16, шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр