Дар толори ҷаласаҳои Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конфронси илмӣ – амалӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси кафед-раи методикаи таълими химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Таҳқиқи таълими тафриқа» бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар, олимону мутахассисон, устодону омӯзгорони ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДМТ, ДДБ ба номи Носири Хусрав баргузор гардид. Конфронсро Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғ.Бобизода ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи «Саҳми академик Убайд Зубайдов дар рушди педагогикаи миллӣ» ба тафсил ҳарф зад. Мавсуф дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти илмии доктори илмҳои педагогӣ, академики АТТ, профессор Убайд Зубайдов маълумот дода, аз ҷумла, зикр намуд, ки олими пурмаҳсулу донишманд дар давоми умри пурбаракати худ 10 монография, 19 дастури таълимӣ, 13 китоби дарсӣ, 65 барномаи таълимӣ ва дар маҷмӯъ, 200 номгӯй асару мақолаҳои илмию методӣ таълиф кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ 20 нафар унвонҷӯи ватаниву хориҷӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ М.Обидзода дар хусуси тағйироту дигаргуниҳое, ки се даҳсолаи қарни XXI дар соҳаи маориф ва илми кишвар ба вуқӯъ пайвастанд, сухан ронд. Профессори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, узви вобастаи АТТ С.Бандаев дар мавзӯи «Вазъи тадриси химия ва мушкилоти татбиқи салоҳиятҳои фаннии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ» гузориши пурмуҳтаво ироа кард. Ӯ, аз ҷумла, изҳори таассуф намуд, ки солҳои охир шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши химия коста гардидааст ва хатмкунандагон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои олии кишвар дониши суст нишон медиҳанд.
Мудири кафедраи методикаи таълими физикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои педагогӣ Умар Умаров баромади худро ба мавзӯи «Проблемаҳои муосири методикаи таълими физика» бахшида, иброз дошт, ки дар шароити имрӯза таваҷҷуҳи махсусан ҷиддӣ ба омӯзиши фанҳои дақиқ равона гардидааст. Мудири шуъбаи таҳсилоти умумӣ, омӯзиши стандартӣ, нақша, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии ПРМ ба номи А.Ҷомии АТТ Давлатназар Имомназаров вобаста ба мавзӯи «Таълими тафриқа – ҷавҳари таҳсилот» зикр намуд, ки таълими тафриқа ташхиси доимии шахсияти хонанда, фаъолияти муассисаи таълимӣ, гузариш аз маълумоти умумӣ ба маълумоти амиқу инфиродии хонандагон, инкишофи мазмуни он ва шаклҳои ташкилии коркарди нусхаҳои нақшаҳои таълим, барномаю китобҳои дарсии гуногундараҷаро тақозо менамояд. Устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав Зиёдулло Тағоймуродов дар мавзӯи «Муодилаи ҳолати гази моеъ» ва «Қонуни Ом барои занҷири сарбаста дар синфи 10» баромад намуда, муҳтавои ду дарсро ба иштирокдорони конфронс муаррифӣ намуд. Ҳамин тариқ, мудири кафедраи методикаи таълими химияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои педагогӣ Сироҷиддин Алимов дар мавзӯи «Таълими тафриқа – воситаи баланд бардоштани сифати дониши хонандагон аз химия» ва мудири кафедраи усули тадриси химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент Муқаддас Қурбонов дар мавзӯи «Истифодаи лоиҳаҳо дар таълими химия» маърӯзаҳои пурмуҳтавою ҷолиб намуданд. Дар поёни конфронс байни иштирокдорони он баҳсу мунозираҳо перомуни мавзӯъҳои баррасишуда ба вуқӯъ пайваст, ки хеле ҷолиб буд.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр