Нашрияи Омӯзгор

Беҳтар аз ганҷи қорун

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Китоб дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим дорад. Он ба ҳаёти хонандагон таъсири амиқ расонида, барои рушди зеҳнии онҳо хидмати шоиста менамояд. Агар хонанда ба китоб ҷалб карда шавад, чун шахсияти ҳушманду хештаншинос ба воя мерасад. Хонанда бо мутолиаи китоб дониши худро сайқал дода, аз ҳикмати зиндагӣ фаровон баҳра мебардорад. Китоб ҳаргиз куҳнаву беэътибор намешавад ва баръакс, бо гузашти замон арзишаш меафзояд.

Дар замони муосир рақибони асосии китоб интернет ва телевизиону радио шинохта шудаанд. Хонанда аз ин воситаҳои иттилоотӣ дониши хуб гирифта тавонад ҳам, дар зеҳну хотираи ӯ маълумоти гирифтааш ба пуррагӣ ва тӯлонӣ нақш намебандад. Олимон маълум намудаанд, ки ҳангоми мутоилаи китоб хонанда ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман халоват бурда, дониши амиқу устувор мегирад.

Ба воситаи интернет маълумотро зуд дастрас намоем ҳам, вале соҳиби дониши амиқ ва хотираи хуб шудан амри маҳол аст. Дониши мондагорро танҳо китоб пешкаш менамояд. Оре, китоб дӯсти ғамхор, нишондиҳандаи роҳи дурусти ҳаёт ва мададгори инсон аст. Агар кас тамоми умр ба мутолиаву омӯзиши китоб машғул бошад, вақташро беҳуда талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Пешрафту тараққиёти кулли соҳаҳои ҷаъмияти инсонӣ, рушду такомули зеҳнию ахлоқии инсон ҳама аз мутоилаи китоб вобаста аст. Китоб ганҷинаи тафаккур, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост.

Заковату ақли бузург бе мутолиаи китоб ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд. Китоб нодиртарин муъҷизаест, дар зиндагии мо. Он омӯзгори ҳақиқии инсонҳост. Тавассути мутолиаи китоб инсон аз бадахлоқӣ, аз муҳтоҷӣ аз ғаму дард ва ғайраҳо озод мегардад. Ҳамаи бузургони олам маҳз тавассути мутолиаи ин маъхази бузург ба ҷое расидаанд. Чӣ тавр мо метавонем бузургонеро, ки китоб офаридаанд, фаромӯш созем?! Китоб оламро дар инсон ва инсонро дар кайҳон ҷойгир кардааст.

Давлатбибӣ Қаландарова, мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи  МД ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш