Солҳои охир бар асари омилҳои гуногун таваҷҷуҳи насли наврас ва ҷавонон ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ва китобу китобхонӣ коста гардид.
Ин, аз як тараф, ба истифодаи дастгоҳу технологияи замони муосир, аз қабили компютеру ноутбук ва дастрасӣ ба шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ алоқаманд бошад, аз ҷониби дигар, ба сусту заиф будани тарғибу ташвиқи асарҳои бадеӣ ва китобҳои тозанашри адибон иртибот дорад. Эълон гардидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки ҳадаф аз он рӯ овардани мактабиён, ҷавонон ва дар маҷмӯъ, табақаҳои гуногуни ҷомеа ба китобу китобхонӣ маҳсуб меёбад, падидаи неку хушоянд ба шумор меравад. Ман аз таҷрибаю мушоҳидаҳои худ ба таври амиқ медонам, ки дар самти бедор намудани завқи хуфтаи хонандагон ва шавқу рағбати онҳо ба асарҳои бадеӣ бояд фарҳанги мутолиаро ҳар як омӯзгор дар ниҳоди шогирдон тарбия намояд. Фарҳанги мутолиа аз он оғоз меёбад, ки ба шогирдон омӯзгор асарҳои ҷолибу шавқовар ва баландғояву пурмазмунро барои мутолиа тавсия ва пешниҳод менамояд. Мутаассифона, қисме аз омӯзгорон китобҳои бадеиро вобаста ба синну сол не, балки аз рӯи таъбири «пеш омад, хуш омад» пешкаш мекунанд, ки ин ғалат аст. Тасаввур намоед, ки ба хонандаи синфи 4 ё 5 якуякбора асарҳои Аҳмади Дониш ва ғазалиёту қасоиди Бедилу Ҳоқонии Шервониро баҳри мутолиа тавсия намоем. Ин амал завқи хонандаро коҳиш медиҳад, монеи бо дили гарм ба мутолиа пардохтани хонанда мегардад. Аз ин рӯ, ба андешаи ман, ба хонандагони синфҳои 4-7 дар баробари мутолиаи асарҳои адибони тоҷик, ҳамчунин, осори шавқовару аҷиби нависандагони ҷаҳонро барои хондан тавсия ва пешниҳод намудан мувофиқ мебошад. Шавқи китобхониро дар замири хонандаи мактаб зина ба зина, дар иртибот ба синну соли онҳо бедор намудан зарур аст.
Ватансултон МУҚАИРШОЕВА,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр