Нашрияи Омӯзгор

Дифоъ аз афзалиятҳои соҳа

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони «Илму маориф – бунёди маърифати зеҳнӣ» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.

 Дар он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Масрур Абдуллозода,  директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Диловар Қо-дирзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон  Лутфия Раҷабова доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши маориф, рушди соҳаи маориф дар кишвар  ва асосҳои ҳуқуқии  он сухан гуфтанд. Таъкид шуд, ки замон талаб мекунад, мо бояд ба иқтидори илмии кишвар, ҳамгироии илму амал, яъне ҷорӣ намудани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, бозёфти истеъдодҳои ҷавон ва ҷалби онҳо ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ, ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ намоем.

Бояд гуфт, ки қабули  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Дар бораи  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи парки технологӣ», «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ»  аз ҷониби Парлумони кишвар ба фаъолияти бонизом мусоидат мекунанд. Дар робита ба ин,  таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағгузории соҳаи маориф торафт афзуд, бунёдкорӣ авҷ гирифт, ки ин ба баланд гаштани сифати таҳсилот бетаъсир намонд. Аммо, тавре донишмандон қайд карданд, то ҳанӯз аз раванди омода кардани мутахассисони мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат қаноатманд буда наметавонем. Аз ин лиҳоз, мебояд ба ҳадафҳои Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, ки  соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои  калидии рушди устувори  мамлакат арзёбӣ мекунад, такя намоем. 

Дар ҷараёни конфронс муаррифии ду китоб- «Таҳаввулоти низоми маориф дар Тоҷикистон» ва «Илму маориф», ки  ба қалами доктори илми фалсафа, коршиноси соҳа Абдураҳмон Қурбонов тааллуқ доранд, сурат гирифт.

Ҳадияи МУЗАФФАР,

таҷрибаомӯз


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш