Нашрияи Омӯзгор

Даври минтақавии озмуни “Дастони моҳир”

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 737        Шарҳ: 0

Дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ даври минтақавии озмуни “Дастони моҳир” бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар он хонандагони марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, Ҳисор, Тоҷикобод, Файзобод, Рашт, Варзоб ва Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Умед Сафарзода, директори  маркази мазкур, қайд намуд, ки чунин озмунҳо барои боз ҳам дар сатҳи беҳтар ба роҳ мондани тарғиби урфу одат ва ҳунарҳои дастии мардум мавқеи муҳим доранд. Дастаҳое, ки дар сатҳи минтақа ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Ҳайати доварон аз рӯи шартҳои дар низомнома пешниҳодгардида ба дастаҳо баҳогузорӣ намуданд. Дар ҷамъбаст ба дастаҳои шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат барои иштирок дар сатҳи ҷумҳуриявии озмун роҳхат дода шуд.

Аҳмадшоҳи МАСЪУД


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш