Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм зиёда аз 50 созишномаи байниҳукумативу идориро оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои дуру наздик ба имзо расонидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои ба иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ зарурӣ бо 28 кишвари хориҷӣ Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тиҷорат, фарҳанг, иқтисодиёт, илм ва маориф таъсис додааст, ки дар кори он намояндагони Вазорати маориф ва илм ширкат намуда, оид ба рушди соҳаи маориф ва илм пешниҳодҳои муҳимро ироа менамоянд.
Таъмини сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз самтҳои муҳим арзёбӣ мегардад ва дар раванди ҷаҳонишавӣ мунтазам мақсад ва моҳияти таҳсилот тағйир ёфта, пайваста дар инкишоф ва рушд бояд қарор бигирад.
6-7-уми марти соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Барномаи Эразмус +, Комиссияи Аврупоӣ ва Дафтари миллии барномаи Эразмус + дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи «Рушди низоми дохилии таъмини сифат дар муасссисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Осиёи Марказӣ» семинари байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он ҳайати намояндагони вазоратҳо ва мутахассисони самти таъмини сифат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз Ҷумҳурии Федералии Олмон ва ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар мавриди таъмин ва идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ зимни таҳлил муайян гардид, ки Ҷумҳурии Қазоқистон нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар самти арзёбии сифати дохилии таҳсилот пешсаф мебошад, ки арзёбии он чунин аст: мавҷудияти хадамоти мустақил барои аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, мутобиқат дар доираи тахассусии Аврупо (European Qualifications Framework), ҷалби шахсони дахлдор (корфармоён) дар ҷараёни таълим, нашри натиҷаҳои сифати таҳсилот дар сомонаҳои хадамоти мазкур ва ғайра.
Дар Ҷумҳурии Қирғизистон низ хадамоти мустақил барои аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олӣ мавҷуд буда, натиҷаҳои он дар сомонаҳои хадамоти мазкур нашр мегардад. Ҳамзамон, низом ва услуби таълим ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Аврупо нигаронида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти таъмини сифати дохилӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар як зина қарор доранд, зеро мавҷуд набудани хадамоти мустақил барои аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, нашр нагаштани натиҷаҳои сифати таҳсилот дар сомонаҳо, мавҷуд набудани доираи миллии тахассусӣ мисли доираи тахассусии Аврупо (European Qualifications Framework) нишондиҳандаҳои далели мазкур мебошад.
Хулосаҳои пешниҳодгар-дидаро дар семинари байналмилалии мазкур метавон чунин арзёбӣ кард:
1. Дар низоми идоракунии умумии самти таҳсилоти олӣ (вазоратҳо):
- гузаронидани семинарҳои сайёр дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба модели Стандартҳо ва роҳнамо барои таъмини сифат дар соҳаи таҳсилоти олӣ (ESG) ва модели Созмони байналмилалии стандартизатсия (ISO 9000) ;
- ворид намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба нақша-чорабиниҳои стратегияи Вазорати маориф ва илм;
- тавсеаи озодии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
- таҳияи идоракунии муносибати босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
- ташкили хадамоти мустақили аккредитатсия ;
- ҳамоҳангии Вазорати маориф ва илм бо Вазорати меҳнат ва муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати таҳияи миллии тахассусӣ дар доираи тахассусҳои Аврупо (European Qualifications Framework);
- гузариш ба маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- таҷдиди фаъолияти марказҳои миллии тестӣ ҷиҳати гузариш ба грантҳои фардӣ;
- тарҳи нави ҷалбнамоии омӯзгорони дорои унвонҳои илмӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
2. Оид ба баланд бардоштан ва таъмини сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳодҳои зерин сурат гирифт:
- ҳамоҳангии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо талаботи бозори меҳнат дар мавриди омода намудани мутахассисон;
- ҷалби корфармоён дар раванди таҳияи стандартҳои таълимӣ ва арзёбии сифат;
- ислоҳот дар пардохти музди меҳнат бо назардошти натиҷаи кор;
- тавсеаи табодули донишҷӯён дар дохил ва хориҷи кишвар;
- ҷалби донишҷӯён дар идоракунии дохилии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- таҳияи стратегияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ;
- таъмини муҳити мусоид барои сифати таҳсилот;
- таҷдиди шуъбаҳои таъмини сифат ва арзёбӣ;
- ҷалби корфармоён зимни таҳияи стандартҳои таълимӣ;
- таҳлили ҳамаи ҷабҳаҳои сифати таҳсилот;
- таваҷҷуҳи омӯзгорон ба таъмини сифати таҳсилот;
- гузариш аз мафҳуми “Донишҷӯ – муштарӣ” ба мафҳуми “Донишҷӯ - ҳамкор”.
3. Дар самти донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ баъзе тавсияҳо, аз ҷумла, интихоби озоди реҷаи дарс ва макон, бунёди шароити мусоид барои ташаккули донишҷӯён, баланд бардоштани масъулиятнокии донишҷӯён, дарки мафҳуми “ҳамкор” ва истифодаи комили имкониятҳои донишгоҳ ироа гардид.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории бевоситаи худро бо Барномаи Эразмус +, ки дар самти ислоҳоти соҳаи маориф, алалхусус, низоми таҳсилоти олӣ равона гардидааст, ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Самтҳои афзалиятноки амалишаванда дар доираи барномаи Эразмус + дар беҳтар намудани сифати таҳсилот дар зинаи таҳсилоти олӣ, низоми кредитии таҳсилот, сафарбаркунии донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ислоҳоти низоми баҳодиҳӣ ва санҷишу имтиҳонҳо, низоми маблағгузории донишгоҳҳо, низоми аккредитатсия ва аттестатсия мебошад, ки дар тақвияти самти маориф ва илм равона гардидааст.
Ҷамшед БАҲОДУРОВ,
сармутахассиси раёсати
муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва
илми ҶТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр