Вақте ки хотираҳои дар бораи домулло Садриддин Айнӣ навишташударо варақ мезадам, чашмам ба «Устоз ёрдами» («Ёрии устод») ном мақолаи адиб ва драматург Исмоил Акрам афтид. Ин адиб ҳамон солҳо дар матбаа шогирд шуда кор мекардааст. Ба ӯ раиси Иттифоқҳои касаба «туро ба хондан мефиристонем» мегӯяд. Исмоил бошад, модару додарҳояш ва рӯзгорро андеша намуда, ба хаёл меравад ва барои маслиҳат ба назди акояш, ки дар дӯкони китоб кор мекард, меояд.
–Назди акоям як шахси миёнақад, серриш ва нуронӣ китоб варақ мезад,– нақл мекунад Исмоил Акрам. – Ба акоям гуфтам, ки маро ба хондан фиристоданианд.
Он шахс китоби дар дасташ бударо ба замин гузошта, ба ман нигарист ва гуфт:
– Ба хондан фиристонанд, кори хуб. Ин таклифро бо хурсандӣ қабул кардагистед? Ҳамту не, ҷигарбандам?
–Ба модарам раҳмам меояд, амакҷон: додарҳоям хурд, ёфтагии акоям ва ман ба рӯзгор базӯр мерасад. Ҳаминро андеша карда ҷавоби аниқ надодам, –гуфтам ман.
– Беҷо кардед, ҷигарбанд. Гушнагӣ мегузарад. Дар ҷавонӣ дониш нагиред, баъд пушаймон мешавед. Маслиҳати ман ин аст: розигӣ диҳеду зуд анҷоми сафарро ҳозир кунед,– гуфт он мард ва аз ҷо хеста ба ман наздик шуд ва ба китфам дасташро монда,дилдорӣ намуд:
– Гапҳои маро фаромӯш накунед, писарам. Ҷои кори маро акоятон медонад. Агар барои шумо ва ҷӯраатон, ки хоҳиши хондан дорад, ёрӣ зарур бошад, ҳатман бо ман вохӯред. Хуб-мӣ?
Аз акоям кӣ будани ин одами меҳрубонро пурсидам.
– Ин касро ту намедонӣ. Одами олиҷаноб. Ҳангоми бори аввал аз Бухоро омаданашон бо коргарони матбаа вохӯрда, бо падарамон шинос шуда будааст. Ҳозир яке аз роҳбарони идораи маорифи Самарқанд, донишманд, нависанда. Исми шарифашон Садриддин Айнӣ. Дониста мон, додар!
«Устод Садриддин Айниро бори аввал ҳамон вақт дида, аз суҳбаташон баҳровар шуда будам»,–менависад Исмоил Акрам.
Аз ин лавҳаи хурдакак маълум мешавад, ки домулло Айнӣ ҷавонҳои лаёқатмандро дастгирӣ намуда, аз онҳо ёрии амалии худро дареғ намедоштаанд. Инро мо аз ҳодисоти тобистони соли 1930 (кӯчидани пойтахти Ӯзбекистон аз Самарқанд ба Тошканд) низ ба хубӣ дарк намуда метавонем. Чунонки Исмоил Акрам гувоҳӣ медиҳад, дар баробари кӯчидани пойтахт идораи рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ низ кӯчиданд. Вале аксар адабиётшиносони ҷавон дар Самарқанд мемонанд. Домулло Айнӣ қаламкашони ҷавонро ҷамъ намуда, барои беҳтар намудани рӯзномаи вилоятӣ, дар он таъсис додани саҳифаҳои адабиёт, тарбия кардани рӯзноманигорони ҷавон саҳми арзандаи худро гузштааст.
Домулло Айнӣ бо эҷодкорони ҷавон семинару машғулиятҳо мегузаронад. Истеъдодҳои ҷавонро дар як ҷо ҷамъ намуда , бо онҳо суҳбатҳои падарона баргузор мекард. 55 ҷавони болаёқат дар атрофи устоди бузург муттаҳид шуданд. Дар нахустин машғулоти семинар домулло Айнӣ дар мавзӯи «Мавқеи тарбиявии адабиёт ва аҳамияти он» лексия хонд. Баъди ин машғулиятҳои шавқовар дар рӯзномаҳои « Хақиқати Ӯзбекистон», «Ленин йӯли» саҳифаҳои адабиёт зуд-зуд чоп мешуданд. Дар саҳифаҳои адабиёт шеър, достон, ҳикояҳои Раҳмат Маҷидӣ,Шокир Сулаймон, Абдураҳмон Саъдӣ, Баҳром Иброҳимов, Воҳид Абдулло, Самад Ғанизода, Зеҳнӣ, Исмоилзода, Абдусалом Деҳотӣ, Маҳмуд Диёрӣ, Амин Умарӣ, Усмон Носир, Ҳаким Зоҳидӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Раҳим Ҳошим, Қаюм Пӯлод, Фозил Йӯлдош, Ислом Шоир, Ӯткир Рашид, Шароф Рашидов, Адҳам Ҳамдам ва дигар шоиру нависандагони ҷавон чоп мешуданд.
– Хислатҳои аҷиби роҳбари семинар, домулло Айнӣ дар он буд, ки - менависад яке аз иштирокчиёни он Исмоил Акрам,– устод баъзе ҷавонҳоеро, ки бепарвоӣ карда асари худро бодиққат таҳрир намекунанд, дар ҷамъомад рӯирост танқид намуда, камбудиҳои онҳоро бо далелҳо исбот менамуданд. Баъди ҷамъомад роҳи аз нав навиштани асарро нишон дода, маслиҳатҳои фоиданок медоданд. Дар навбати худ қаламкашони ҷавон ба ғамхориҳои падаронаи устод миннатдории худро изҳор менамуданд. Фахр мекарданд, ки чунин устоди бузург ва меҳрубон доранд.
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ устод Айнӣ раиси шуъбаи дар Самарқанд будаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон буданд. Шогирдашон Исмоил Акрам, ки як вақтҳо барои хондан ёрии амалӣ расонда буд, котиб ва айни замон ходими редаксияи рӯзномаи «Ленин йӯли» шуда кор мекард. Ба гуфти Исмоил Акрам, домулло Айнӣ ба нависандагоне, ки аз Украина, Беларус, Молдавия ва баъзе шаҳрҳои Россия бо кӯдаконашон ба Самарқанд кӯчида омада буданд, ғамхорӣ зоҳир намуда, барои ҷо ба ҷо кардан ва бо хонаҳо таъмин намудани онҳо саҳми арзандаи худро гузоштааст.
Ҳамроҳи раиси комиҷроияи шаҳр хонаҳои нависандагонеро, ки бо ҷой таъмин буданд, аз назар гузаронидааст. Баъди ин ба номи раиси комиҷроияи шаҳр «ин хонаҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Барои кори нависандагон шароити хуб фароҳам овардан даркор»– гӯён нома навиштааст. Домулло Айнӣ баъди соҳиби хонаву дари мувофиқ шудани нависандагони муҳоҷир низ, ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, барои бо озуқаворӣ таъмин намудани онҳо ба хоҷагиҳо рафта, дар ҷамъ намудани картошка, сабзӣ, пиёз, карам ва дигар маҳсулот ҳиссаи худро гузоштааст.
Баъди ҳал шудани ин масъалаҳо Воҳид Абдулло пурсидааст, қи акнун бо чӣ корҳо машғул шавем? Устод Айнӣ чунин ҷавоб додааст:
- Асарҳои нависандагони муҳоҷирро ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ бояд тарҷума намоем. Онҳо асарҳои моро тарҷума намоянд. Ба заводу фабрика, марказҳои ноҳияҳо рафта, шабҳои адабии байналмилалӣ гузаронем.
Исмоил Акрам менависад, ки ҳамон солҳои душвор бо сарварии устод Садриддин Айнӣ дар заводи «Красный двигатель», фабрикаи пиллакашии «Ҳуҷум», корхонаи маҳсулоти чармии ба номи Охунбобоев, дар хонаи афсарони дар шаҳрбуда, дар идораи роҳи оҳан ва дигар ҷойҳо шабҳои адабии интернатсионалӣ гузаронида шудааст. Нависандагони тоҷику ӯзбек, русу украин, молдавану белорус ва дигар халқҳо бо коргарон, ҳарбиён, донишҷӯён зуд-зуд вохӯрда, асарҳои нави худро хонда медоданд.
Вақте ки масъалаи ба фронт, ба ҷанговарони диловар туҳфаҳо фиристодан ба миён омад, нависандагони Самарқанд низ худро канор нагирифтанд. Бо сарварии Садриддин Айнӣ ба бригадаҳо тақсим шуда, ба ноҳияҳои вилояти Самарқанд баромада, бо мардум вохӯриҳо гузарониданд. Барои ба ҷанговарон либоси гарм, меваҳои хушк ва дигар туҳфаҳо тайёр кардан саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Оре, устод Айнӣ ҳам дар рӯзҳои шодӣ ва ҳам дар рӯзҳои вазнин ҳамеша бо мардум буданд.
Сулаймон ЭРМАТОВ,
нависанда
Иловакунӣ
Иловакунии фикр