Нашрияи Омӯзгор

Муште ба рӯи нотавонбинон

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Тавре огоҳӣ дорем, 18 апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Жан-Батист Лемуанро ба ҳузур пазируфтанд.

Довар мешавам, ки  чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки алъон ягона “макон” барои сафсатапарокании нотавонбинони миллат (наҳзатиҳои террорист ва думравонашон)  боқӣ мондааст, бобати сафарҳои хориҷии Пешвои миллат ба хориҷа, хоса кишварҳои аврупоӣ, андешаҳои муғризона баён шуда буд.  Чанд рӯз пас дар заминаи мулоқоти дар оғози матлаб зикршуда туҳмати навбатии  наҳзатиҳои террорист хунсо гардид. Зеро котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Жан-Батист Лемуан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми Президенти Фаронса Эммануэл Макронро ҷиҳати анҷом додани боздид аз Фаронса супорид.

Дар навбати худ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин Паёмро боз як нишони таваҷҷуҳи роҳбарияти Фаронса ба масъалаҳои пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ карданд.

Наҳзатиҳои террорист нодида вонамуд мекунанд, вале далелҳо ҳокианд, ки равобиту ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соири кишварҳои аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ, лоиҳаҳои бахшҳои хусусӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин, ҷонибдории ташаббус ва тадбирҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, бахусус, оид ба рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ ва мубориза ба терроризму экстремизми байналмилалӣ, дар сатҳи хубу сифати баланд рушд ёфта истодааст.

Хуб дар хотир дорам, ки қаблан наҳзатиҳои террорист  дар сомонаашон   сафари Пешвои миллатро ба Япония “таҳлил” карда буданд. Ин дар ҳолест, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Япония бо шукӯҳу шаҳомати хоса пазироӣ карданд. Хоса, мулоқоти самимӣ ва пазироиву гусели бошукӯҳу сатҳи баланди Пешвои миллат аз ҷониби  Императори Япония, ки дар умури давлатдории ҷопониҳо  падидаи камназир маҳсуб мешавад, бояд боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.

Бегуфтугӯ, ин палидон, ки зиндагиномаашон ба ғайр аз фисқу фуҷур, ҷинояту иғвоангезӣ чизи дигаре надорад, ба обруву нуфузи рӯзафзуни Пешвои миллат рашки занона доранд.

 Аз ҷониби дигар, хулосаҳои беасоси ин “аллома”-ҳо, ки марзи иттилоърасониро дағалона убур намудаву ба фаъолияту шахсияти нафаре, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, набояд бе посух монад. Чунки носазо гуфтан нисбат ба Пешвои миллат, дар маҷмӯъ, таҳқири  миллат маҳсуб меёбад ва ба ҳеҷ ваҷҳ набояд бе посух монад.   

 

Ҷасур Мирзозода,

коршиноси Маркази

таҳлиливу иттилоотии “Аҷам”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш