Нашрияи Омӯзгор

Бо сабаб бояд мубориза барем, на бо натиҷа

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

(Андешаҳо перомуни пешгирии гаравиши ҷавонон ба экстремизм ва терроризм)

Таҳдиди рӯзафзуни экстремизми байналмилалӣ ва гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳар фарди ҷомеаро водор месозад, ки дар ин масъала бепарво набошад. Терроризми байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун хатари асосии арзишҳои инсонӣ ва амнияти умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст. Мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин вабои аср эмин нест. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло бештар аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро дар Шарқи Наздик ва Афғонистон ҷалб шудаанд. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи суханрониҳо ва муроҷиатҳои худ ба ин масъала дахл намуда, аҳли ҷомеаро барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатдорӣ даъват мекунанд.

Барои пешгирии гароиши насли ҷавон ба ин гурӯҳҳо дар ҳамаи сатҳҳо чораҳои гуногуни зарурӣ андешида мешаванд, семинарҳову мулоқот, корҳои фаҳмондадиҳӣ давра ба давра баргузор мегарданд. Ҳамаи ин хеле зарур аст. Аммо ба назар чунин мерасад, ки мо мехоҳем бо натиҷа мубориза барем, на бо сабаб. Мо ин гуна шахсони ба истилоҳ «гумроҳшуда»-ро пайдо мекунем, чораҳо меандешем, зиндонӣ мекунем. Аммо дар масъалаи он ки чаро ва чӣ гуна онҳо ба ин ҳол афтодаанд, сабабҳои ин падида дар куҷо ниҳонанд, кам андеша меронем. Ба андешаи мо, сабабҳо ва омилҳои ин падидаи номатлуб метавонанд гуногун бошанд. Мо муҳимтарини онҳоро баррасӣ менамоем.

Саволҳои асосие, ки дар ин замина гузошта мешаванд, чунинанд: Дин мояи пешгирии ин падида аст ё заминаи рушди он? Чаро ҷавонон фирефтаи дурӯғу ваъдаҳо мешаванд? Чаро дар ниҳоди ҷавонони мо малакаҳои таҳлили воқеият ва қабули қарори мустақилона рушд наёфтааст? Чаро падару модарон дар фарзандони худ нишонаҳои ғайримаъмулии рафторро наметавонанд сари вақт ошкор намоянд? Оё низоми мавҷудаи таҳсилот барои дарки нозукиҳои ин масъала ва дар рӯҳияи ҳақиқии ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас пурра мутобиқ аст? Нақши ҷомеа дар пешгирии гаройиши ҷавонон ба экстремизм ва терроризм чӣ гуна бояд бошад? Муҳимтарин роҳи пешгирии ин падидаи номатлуб ташаккули шахсияти комил дар ҳар як фарди ҷомеа аст. Тибқи эътирофи умум, омилҳои асосии ташаккули шахсият дар ҷомеа маориф, дин ва фарҳанг, пеш аз ҳама, фарҳанги хонаводагӣ аст, ки дар заминаи сиёсати расмӣ фаъолият мекунанд. Мо ба ҳадафҳои наҷиби худ дар мавриди бунёди ҷомеаи бофарҳангу солим замоне метавонем ноил гардем, ки муносибати ин омилҳоро ба тавозун орем ва таъсири мусбати байниҳамии онҳоро таъмин намоем. Саволи дигаре, ки аз ин ҷо ба миён меояд, аз як тараф, муайян намудани имкониятҳо ва монеаҳо дар ин самт ва аз тарафи дигар, пайдо намудани роҳу усулҳои ҳалли мушкилот аст. 

Оё мумкин аст, ки муаллиму мулло ва мактабу масҷид ба ҳам оянд?

Масъалаи мақом ва нақши дин дар ҷомеаи мо хеле муҳим ва дар айни замон ниҳоят нозук аст. Ҳар як андеша дар ин мавзӯъ метавонад аз ҷониби гурӯҳи муайян хуш пазируфта шавад, аммо дар айни замон ба арзишҳо ва ҳисси диниву ахлоқии қисми дигари ҷомеа халал ворид созад. Ва ин ҳама новобаста ба он ки мо аз оташи имтиҳони гуногуни таърих, аз ҷумла, ҷангҳои байниҳамиву бародаркушӣ гузаштаем.

Ҳама медонанд, ки муаллими ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ шогирди худро бо роҳи бад тарбият намекунад, муллои касбӣ низ фақат маслиҳату насиҳатҳои хуб медиҳад. Дар мактаб ҳам ба хонандагон кору пиндори нек ва кумаку ёрӣ расонидан ба дигаронро ёд медиҳанд, дар масҷид ҳам ҳамагонро ба зиндагии дуруст ҳидоят мекунанд. Аммо имрӯз дар ҷомеаи мо муаллиму мулло ва мактабу масҷид дар ду ҷониби мухолифи ҳам қарор гирифтаанд. Шояд мо гаштаю баргашта ба худ чунин савол мегузорем: Чаро чунин аст? Чӣ бояд кард, то ки муаллиму мулло, мактабу масҷид ба ҳамдигар халал нарасонида, баръакс, ҳамдигарро пурра кунанд? Ҷавоби ин савол шояд осон аст: онҳо бояд ба пешвози ҳам оғӯш кушоянд. Аммо роҳҳои ба ин ҳадаф расиданро дақиқан наметавон пайдо кард.

Барои ҳалли ин муаммо, ба андешаи мо, аҳли ҷомеа бояд чанд омили аслӣ (принсипӣ)-ро эътироф кунад. Пеш аз ҳама, дин сиёсат нест. Тамоми таърихи инсоният гувоҳи он аст, ки вақте дин вориди сиёсат мешавад, қабл аз ҳама, симои ҳақиқии худро аз даст медиҳад. Дин – ин тозагии муқаддас аст (дар идеал), аммо сиёсат вобаста ба омилҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ метавонад тағйир ёбад. Сониян, дин - ин на фақат фикру зикр оид ба охирату зиндагии ондунёист, балки дирӯзу имрӯзу фардои мо низ аст. Ва мо бояд на танҳо ба фикри «рӯзи қиёмат», балки ба фикри имрӯзу фардои худ низ бошем. Сеюм, дар баробари мардумро ба риояи расму оини динӣ даъват намудан, насиҳатҳои волои Китоби муқаддас ва Пайғамбар (дуруди фаровон ба равони поки ӯ бод!)-ро оид ба аҳаммияти илму илмомӯзӣ (Аз гаҳвора то ба гӯр илм биёмӯз) ва меҳнати ҳалол (Аз ту ҳаракат, аз ман баракат, Нони ҳаром – душмани имон), эҳтироми дигарон, пеш аз ҳама, падару модар (Падар розӣ, модар розӣ – Худо розӣ ва ғайра)-ро набояд фаромӯш кунем.

Дар ин маврид ёдовар шудан аз як шеъри Муҳаммад Иқбол ба забони урду бо номи «Шиква ва ҷавоби шиква» аз аҳаммият холӣ нест. Мазмуни шеър чунин аст: Мусалмоне ба Худованд муроҷиат намуда, чунин шикоят мекунад: «Худоё! Ман ҳамеша намоз мехонам, рӯза медорам, фақат бо дастуру фармудаҳои Ту зиндагӣ мекунам, фарзандонро дар рӯҳияи эътиқоду имон ба Ту тарбият мекунам, дигаронро низ ба хондани намоз даъват мекунам. Аммо чаро Ту ба дигарон (мардуми Ғарбро дар назар дорад – А.Б.) ин қадар хушиҳои зиндагӣ ва бениёзиро ато фармудиву ману ҳаммаслакони ман дар фақру машаққат зиндагӣ мекунем?» Дар ҷавоб чунин садо меояд: «Эй, бандаи ман! Ман ба ту ақл ато кардам, то ки тавонӣ мустақилона фикр кунӣ, ман ба ту дастони тавоно ато кардам, то ки онҳо кори неку муфид анҷом диҳанд, ман туро пой бахшидам,  ки бо роҳи рост равӣ, ман ба ту забони гӯё бахшидам, то ки бо сухани нек ба дили дигарон роҳ ёбӣ, ман чашми туро бино кардам, то ки ба зиндагӣ дуруст нигоҳ кунӣ, ман гӯши шунаво додам, то бишнавӣ ва гӯш кунӣ… Магар ман гунаҳкорам, ту аз ин неъматҳо наметавонӣ истифода кунӣ»?

Нақши тарбияти хонаводагӣ

Ҳеҷ кас, ҳатто шахсе, ки ба атеизм майл дорад, бе хидмати мулло наметавонад зиндагӣ кунад. Ҳеҷ як мулло низ бе дигарон мулло нест. Муҳим он аст, ки ҳар яки мо ҷойи худро дониста бошем ва ҷойу мақоми дигаронро низ эътироф кунем. Муҳим аст эътироф кунем, ки ҳар кас бо рисолати мушаххас зода мешавад, ки Худованд ба ӯ ато кардааст. Ва набояд Худовандро дар замин иваз кунем, аз номи Ӯ ҳукм кунем, ки кӣ мусалмон асту кӣ кофар, кӣ ба ҷаннат мераваду кӣ ба дӯзах. Муҳимтар аз ҳама, то вақте ки надонем, фарзанди мо ба чӣ майлу рағбат дорад, ба чӣ бештар қодир аст, чиро бештар дӯст медорад ва медонад, Худованд чӣ рисолатеро барои ӯ муқаррар кардааст, набояд кӯдаки бегуноҳро бо ғуруру ҳавобаландиҳои худ олуда созем, ояндаи қаблан омодакардаи худро ба ӯ бо зӯрӣ талқин кунем.

Кӯдакро набояд дар доираи тасаввуроти худ, мисли «Ӯ фарзанди ман аст, чӣ хел шудани ӯро ман муайян мекунам» маҳдуд созем. Масалан, дар баробари насиҳатҳои падаронаи худ оид ба одоби ҳамида, даъват ба риояи расму оини динӣ дар сари дастархон, бояд бо саволҳои таҳриккунанда, аз қабили «Ин пиёла чӣ хел сохта шудааст?» «Медонӣ, ҳамин барқ чӣ хел пайдо мешавад?» «Аввалин бор фурӯзонакро кӣ ихтироъ кард?» ва ғайра ба дилу зеҳни ӯ шавқу рағбати касбу ҳунар ва илм омӯхтанро ҷой диҳем. Танҳо дар ҳамон сурат ақли худодод ба мо ошкор хоҳад сохт, ки рисолати фарзанди мо чист…

Дар аксар кишварҳое, ки фарҳангу ҳувияти миллии худро қадр мекунанд, аз ҷумла, дар Япония кӯдаконро маҳз дар ҳамин рӯҳия тарбият мекунанд. Фақат ба рушду мустаҳкам намудани ҳамон қобилияту истеъдодҳои ӯ мусоидат мекунанд, ки ба он бештар майлу рағбат дорад. Вазифаи худро дар тарбияи одобу ахлоқи ҳамида медонанд, дар интихоби роҳи зиндагӣ, касбу ҳунар ва ихтисос ба фарзанд шароит фароҳам месозанд, чӣ тарз омӯхтан ва зиндагӣ карданро ба тарзи маҷбурӣ бор намекунанд.

Мо одат кардаем, ки ба шакли зоҳирӣ бештар эътибор диҳем, аммо моҳияти масъала – сифати таҳсилот, тозагиву зебоии ботинӣ ва фикру андешаро аз мадди назар дур мекунем. Мо намехоҳем, ё ҳанӯз дарк накардаем, ки барои инсон сифату маҳорати ӯ муҳим аст, на либосу рангу симои ӯ.

Сиёсат ва дин

Саволе ба миён меояд: Оё сиёсат ва дин метавонанд дар ҷомеаи мо дар мувозинату мувофиқат ҳамзистӣ намоянд? Ҳеҷ чизи имконнопазир нест! Гузашта аз ин, мо метавонем танҳо дар ҳамин ҳолат ба муваффақиятҳои намоён дар рушди маънавии насли ҷавон ноил гардем. Ҳоло фарзандони мо аз рӯйи се «барнома» таълиму тарбия мегиранд: барномаи якумро мактаб пешниҳод мекунад, дар хонавода тибқи «барнома»-и дигар муносибат мекунанд, бо «барнома»-и сеюм дар кӯчаву хиёбон – ҷомеа рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ, дар баробари рушди тарбияти солими хонаводагӣ бояд дар самти бунёди ҷомеаи солимфикр низ саъю талош кунем. Таъсири муҳит, аз ҷумла, манбаъҳои иттилоотии муосир имрӯз ба ҷавонон ба маротиб бештар аз даврони пеш аст. Пас, месазад, ки ба ҷойи шикоятҳои беасос аз “бадӣ”-и интернету телефонҳои мобилӣ ва телевизион фарҳанги дурусти истифодаи ин манбаъҳои иттилоотиро ба ҷавонон ҳам дар хонавода, ҳам дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳамон даврони кӯдакӣ ёд диҳем. 

Дар муҳити имрӯза хеле муҳим аст, ки ҳамаи мо, беистисно, ҳам ҷашну идҳои таърихӣ, ҳам идҳои Рамазону Қурбон ва ҳам ҷашнҳои нави миллиро яксон – қарину азиз қабул кунем. Хеле мехоҳам, ки дар ҳақиқат, на дар сухан, таърихи худро аз замонҳои қадим азизу пос дошта бошем, на аз замони густариши Ислом дар сарзамини мо. Натанҳо арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динии худ, балки арзишҳои нав, дастовардҳои нави замони истиқлолиятро низ ҳифз кунем, густариш диҳем. Агар дар чунин мувозинату мувофиқат зиндагӣ карданро биёмӯзем, итминони комил дорам, ки дар ҳақиқат, ба Худованд наздиктар мешавем. Ва Ӯ подоши амали неки моро хоҳад дод!

Аз ҷониби дигар, маҳз ҳамин навъи муносибат ба ташаккул ва рушди таҳаммулпазирӣ ба гуногуниву ҳамгиройии фарҳангҳои дунявиву мазҳабӣ мусоидат хоҳад кард. 

Нақши адабиёт ва таърих дар

ташаккули шахсияти солим

Асосҳои ташаккули шахсияти наврасон дар оила ва мактаб гузошта мешавад. Вале маҳз дар мактаб хонандагони наврас моҳияти зиндагиро ба таври худ мефаҳмидагӣ мешаванд. Фикр мекунам, ки ҳама инро эътироф мекунанд. Дар барномаи таълими муассисаҳои таълимӣ ҳамаи фанҳо муҳимманд, ҳамаи онҳо дар таълиму тарбияи хонандагон мавқеи хоси худро доранд. Аммо, ба ҳар ҳол, адабиёт ва таърих дар ин ҷода мавқеи хоссатаре доранд. Маҳз тавассути таълиму омӯзиши адабиёт ва таърих мо заминаҳои ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, сабру тоқат, мубориза бо падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, умуман, асоси инсониятро дар кӯдакон ҷой медиҳем. Дар ҳоли ҳозир таҳсилоти миёна ба ду сатҳ – асосии ҳатмӣ (то синфи 9) ва миёнаи пурраи ғайриҳатмӣ (синфҳои 10-11) ҷудо шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ ҳамасола то 30%-и хонандагон таҳсилро пас аз синфи 9 тарк мекунанд. Ҳанӯз аз замони шӯравӣ барномаҳои таълим тарзе таҳия шуда буданд, ки таърихи навтарин ва адабиёти муосир дар синфи 11 (пештар – дар синфи 10) таълим дода мешавад. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ҳамон гурӯҳи бачагоне, ки мактабро пас аз синфи 9 тарк мекунанд, роҷеъ ба таърихи навтарини халқи мо, аз ҷумла, даврони пас аз истиқлолият, маълумоти дақиқ надоранд. Мутаносибан онҳо адабиёти муосирро низ намеомӯзанд. Ин гурӯҳи бачагон маълумотро роҷеъ ба ҳодисаҳо (ҷанги шаҳрвандӣ)-и солҳои навадум ва солҳои аввали барқарорсозии ҳаёти осоишта аз забони падарону тағоҳо (ки аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва дӯст медоранд, ки дар ҳама мушкилиҳои зиндагии худ дигарон, аз ҷумла, давлату ҳукуматро гунаҳкор кунанд) ва ё аз ҳамон муллоҳое, ки барояшон тарзи дунявии сиёсату идораи давлатдорӣ маъқул нест, мегиранд. Аз ин ҷо саволи мантиқӣ ба миён меояд: Магар беҳтар нест, ки барномаи таълимро тарзе тағйир диҳем, ки таърихи навтарин ва адабиёти муосир на дар синфи 11, балки дар синфи 9 омӯзонида шавад? Ҳам дар таърих ва ҳам дар адабиёт давраи рушду гулгулшукуфии халқи тоҷик аз ибтидои асри Х (давраи Сомониён) оғоз мегардад. Агар омӯзиши таърих ва адабиётро на аз давраҳои қадим, балки маҳз аз ҳамин давра оғоз намоем, курси пурраи онро дар синфи 9 тамом карда метавонем. Давраҳои қадими таърих ва адабиётро метавонем барои хонандагони синфҳои 10-11 пешниҳод кунем. Барои ворид кардани чунин тағйирот маблағҳои иловагии молиявӣ лозим нест. Вале агар таҳсилоти 11-соларо ҳатмӣ эълон кунем (ки он ҳам яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала аст), маблағҳои иловагии молиявӣ лозим мешаванд.

Дар айни замон масъалаи дуруст ё оқилона будани тарзи омӯзиши адабиёт дар ҳамон шакле, ки имрӯз ҳаст, таҷдиди назар мехоҳад. Мо на адабиёт, балки таърихи адабиётро таълим медиҳем. Мо бачагонро на ба он хотир дарс медиҳем, ки адабиётро дӯст доранд ва аз он дар зиндагӣ истифода кунанд, балки адабиётшинос шаванд. Дар натиҷа, аз филологи оянда ҳам донистани курси пурраи таърихи адабиётро талаб мекунем, аз физику математики оянда ҳам. Бояд эътироф кард, ки дар китобҳои дарсии адабиёт ба масъалаҳои истифодаи дониши андӯхта дар зиндагии муосир хеле кам таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, саволу супоришҳо бештар ба таҳлили матн, омӯзиши луғат (ки аксари он имрӯз аз истеъмол баромадааст) ва аз ёд кардани почаҳои шеърӣ равона шудаанд.

Ба андешаи мо, роҳи оқилонатару самараноктари таълими адабиёт дар муассисаҳои таҳсилоти миёна таълими он аз рӯйи мавзӯъ аст, на додани маълумоти хронологӣ доир ба ҳар як давраи таърихӣ. Ба норасоиҳои пешниҳоди маводи таълимӣ дар китобҳои дарсии адабиёти тоҷик мо ҳанӯз соли 2013 ишора карда будем. Муҳимтарин мавзӯъҳои ташаккули шахсият – донишандӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳифзи Ватан ва ватандӯстӣ, накукорӣ, эҳтироми волидайн ва калонсолон, васфи ишқи пок, аз як тараф ва танқиди падидаҳои номатлуби зиндагӣ ва мубориза бо онҳо, аз тарафи дигар, қариб дар эҷодиёти ҳар як адиби барҷастаи классикӣ ва муосир инъикос ёфтаанд. Барои он ки дар зеҳни хонанда, масалан, роҷеъ ба дӯстии ҳақиқӣ тасаввуроти аниқу амиқ пайдо шавад, шарт нест, ки мо васфи дӯстиро дар эҷодиёти ҳар як адиб ба тарзи алоҳида пешниҳод кунем. Агар беҳтарин гуфтаҳои адибонро – чи классикӣ ва чи муосир, дар ин мавзӯъ таҳлил намуда, ба хонандагон пешкаш кунем ва онҳоро ба баҳсу андеша дар атрофи ин масъала водор созем, хонанда мавзӯъро дар шакли пурра аз худ мекунад, андешаи худро баён мекунад, бо дигарон вориди баҳс мешавад, беҳтарин гуфтаҳоро тибқи шавқу завқи худ аз ёд мекунад, дар зиндагии ҳамарӯза истифода мекунад. Омӯзиши муҳимтарин мавзӯъҳои динӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла, хатароти таассуб (фанатизм), боварҳои беасос, тақлиди кӯр-кӯрона, ташаккули пуртоқатӣ ва ғайра низ набояд аз мадди назар дур монад. Ҳоло дар барномаи таълими синфҳои болоӣ таълими фанни «Таърихи дин» ҷорӣ шудааст. Дар доираи ин фан ғунҷонидани ҳамаи мавзӯъҳои мазкур, ба андешаи мо, мушкил аст. Агар онро «Диншиносӣ», «Фарҳанг ва дин», «Дин ва ҷомеа» ва монанди он номгузорӣ кунем ва моҳияту мазмунашро низ бо ин мақсад такмил диҳем, беҳтар аст.

Ба ҷойи хулоса

Андешаҳои иброзгардида ҳаргиз ба маънои таҳмили андешаҳои худ ба дигарон нест. Ҳадафи асосии мо зикри аҳаммияти мавзӯъ ва табодули назар ба хотири расидан ба ҳадафҳои наҷиби худ аст. Дар ин давраи ҳассос хеле муҳим аст, ки тамоми имкониятҳоро якҷоя ба кор барем, то ки барои насли наврас заминаҳои ҳақиқии ташаккули шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта ва қавииродаро фароҳам созем. Барои падидаҳои номатлубе, ки аз гурӯҳи муайяни ҷавонон сар мезананд, фақат онҳоро гунаҳкор накунем, балки тафаккуру муносибати худро низ тағйир дода, аз пайи ислоҳи фаъолиятҳои худ низ бошем. Ба ибораи дигар, саъю кӯшиши худро бештар ба ошкор ва пешгирӣ намудани сабабҳои пайдоиши ин падидаи номатлуб равона созем, на фақат ба натиҷаҳои он.

Масъалаи гаройиши ҷавонон ба экстремизм ва терроризм проблемаи доғи рӯз аст. Ҳар проблема таҳқиқу таҳлилро тақозо мекунад, онро фақат бо даъвату шиорпартоӣ ҳал наметавон кард. Аз ин ҷо олимону донишмандонро зарур аст, ки аз баёни фикрҳои умумӣ ва забонзада даст кашида, нозукиҳои масъаларо бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ мӯшикофона таҳқиқ намоянд, андешаҳои худро дар заминаи факту далелҳо ва хулосаҳои таҳлил пешниҳод намоянд. Илм бояд ёвари беминнат ва асоси ташаккулу рушди сиёсати пешгирифтаи давлату ҳуқумат дар ин самт гардад. Ба ин кор бояд имрӯз шурӯъ кард, на фардо. Фардо шояд дер шавад…

 

Азим БАЙЗОЕВ,

сармутахассиси Академияи

таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш