Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар ДИС ДДТТ дар мавзӯи “Масъалаҳои глобалии сарватҳои оби тоза” мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисод, профессор Т. Ризоқулов оғоз гардид.
Сипас, номзади илмҳои биология, дотсент М.Дониёрова дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи оби тоза”, доктори илмҳои иқтисод, профессор А.Азимов дар мавзӯи “Самаранок истифодабарии захираҳои об-неруи пешбарандаи ҷомеа” маърӯза намуданд. Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Р.Алиева перомуни мушкилоти дастрасӣ ба об дар минтақа фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошт.
Дар атрофи маърӯзаҳо иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкор намуда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба иқдомҳои Пешвои миллат дар мавриди Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баён доштанд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр