Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода бо донишҷӯёни ноҳия, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Мулоқот дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки гурӯҳи меҳмонон ва шахсони баруманди ноҳия, ки дар маркази ҷумҳурӣ кору фаъолият менамоянд, аз ҷумла, вакили МНМО Исмоилзода Зуфар, адибон Латофат Кенҷаева ва Зулфия Атоӣ ба вуқӯъ пайваст. Мулоқотро муовини ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Усмон Маҳмадёрзода ифтитоҳ намуд. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода зимни суханронӣ донишҷӯёнро ба омӯзиши илму касб тарғиб намуда гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз онҳо умедвориҳои калон дорад. Зеро ҳар яки онҳо баъди хатми муассисаҳои таълимӣ соҳиби маълумот гардида, баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Барои донишҷӯёни камбизоат ва ятим кумакпулии яквақта ва барои донишҷӯёни фаъол Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич
Иловакунӣ
Иловакунии фикр