Нашрияи Омӯзгор

Ғолибият дар олимпиадаи байналхалқӣ

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 738        Шарҳ: 0

Ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи давлатии технологии Қирғизистон ба номи И. Раззоқов Олимпиадаи байналхалқии технологӣ баргузор гардид. Дар олимпиада донишҷӯёни муассисаҳои олии Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки дар равияи “Технологияи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ” таҳсил доранд, ширкат варзиданд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар олимпиадаи байналхалқии мазкур донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуданд.

Олимпиадаи мазкур бо ташаббуси кафедраи “Технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯрока”-и ДДТҚ ба номи И. Раззоқов, барномаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Олимпиада дар ду марҳила гузаронида шуда, аз қисми назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Қисмати сеюм бошад, дар сехи маҳсулоти гӯштии “Технолог” баргузор гардид.

Донишҷӯён Ҷалилов Равнақ, Мамадҷонов Равшан ва Атабекова ҳафиза, магистрантони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, дар ҳисоби даставӣ сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш