Зимни таҳияи нақша – чорабиниҳо вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаамон баргузории суҳбату мулоқот, маҳфилу конфронсҳои илмию адабиро дар мавзӯъҳои «Тоҷикистон – кишвари биҳиштосо», «Тоҷикистон – кишвари беҳтарини сайёҳӣ», «Ҳунарҳои мардумӣ - инъикосгари таърихи бостонии миллат», «Рушди сайёҳӣ – омили муҳими таҳкими иқтисодиёти кишвар» ва монанди инро ба назар гирифтем. Мақсад дорем, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои мазкур ба шогирдон дар бораи мавзеъҳои бузурги таърихию сайёҳии кишварамон маълумоти пурраю дақиқ диҳем. Бо ин роҳ бигузор онҳо донанд, ки сайёҳӣ соҳаи аз ҳама сердаромади ҳар як давлат аст. Сол аз сол афзудани ташрифи сайёҳон ба кишварамон боиси таҳкими иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон хоҳад гардид.
Дар мактаби мо маҳфили «Ҳунар омӯз…» амал менамояд, ки он дар тарбияи ҳунаромӯзӣ ва дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ тарбия ёфтани шогирдон хизмати шоиста менамояд.
Паҳлуи дигари фаъолияти кормандони мактаб бо дарназардошти талаботу пешрафти замон дар рӯҳияи донишу ҳунаромӯзӣ ва забондонӣ тарбия кардани хонандагон ба шумор меравад. Тоҷикистони азизамон аз баракати соҳибистиқлолӣ бо шумули беш аз 150 давлати дунё робитаҳои гуногунҷабҳа пайдо намудааст, бинобар ин, ба ҳар нафар шаҳрванди кишвар донистани чанд забони хориҷӣ зарур аст. Ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳ карданамон ҳам бе донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русиву англисӣ самараи нек нахоҳад дод. Яъне, забондониву забономӯзӣ яке аз рукнҳои муҳиму беҳтарини муошират ва омили асосии ҷалби сайёҳон ба кишварамон аст.
Баҳри расидан ба ин ҳадаф дар назди мактаби мо маҳфили омӯзиши забонҳои русиву англисӣ фаъолият менамояд. Мо ҳама хуб медонем, ки дараи Ромит минтақаи туризму сайёҳӣ буда, дар оянда ба яке аз мавзеъҳои бузурги сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт. Албатта, қабули сайёҳон ва хизматрасонии шоиста ба онҳо, муаррифии таърихи ниёгон, илму адаби миллат бидуни донистани забонҳои хориҷӣ номумкин аст.
Абдул СОЛИҲОВ,
директори мактаби № 15, шаҳри Ваҳдат, Аълочии маорифи Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр