Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи усули интерактивӣ дар дарс

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Усули интерактивӣ дар таълим асосан ҳамкории байни омӯзгору хонанда ва хонандаю хонандагонро дар бар мегирад. Омӯзиши дарс бо усули интерактивӣ аз хонандагон фаъолнокӣ, босаводӣ ва эҷодкориро талаб мекунад.

Дар ин усули таълим муҳокимарониҳо, эҷодкорӣ, корҳои амалӣ, пешниҳоду навовариҳо, ташаббуси бештар, фаъолиятҳои гурӯҳӣ, ки кӯшишҳои якҷояро талаб мекунанд, навиштани эссе ва ҷавобҳои шифоҳӣ, корҳои дунафарӣ, кор дар гурӯҳҳои хурд, ангезиши зеҳн, бозиҳои нақшӣ ва таълимӣ, лексияҳои хурд, навиштан ва ғайра васеъ истифода мешаванд.  Ин тарзи кори омӯзгор хонандагонро водор месозад, ки ба таври мустақилона ё гурӯҳӣ мавзӯю мундариҷаи маводи омӯхташавандаро аз худ намоянд. Ин восита хонандагонро фаъол намуда, онҳоро дар омӯхтан, ҷустуҷӯ, дарк карда, шарҳ додан муваззаф мегардонад. Хонанда кӯшиш мекунад, ки ба саволу супоришҳо ҷавоб ёфта тавонад. Омӯзгор дар вақти дарс овозашро набояд якхел барорад. Ҳамеша кӯшиш намояд, ки ба суръати суханронӣ эътибори ҷиддӣ ва садои худро тағйир диҳад (гоҳе пасту гоҳе баландтар…). Махсусан, дар дарси биология, ки ҳаёти мавҷудоти зиндаро меомӯзад, гузаронидани чунин усул ба хонандагон таъсири мусбат расонида метавонанд. Хонандагон метавонанд бо ин усул аз  ҳамдигар маводи пешниҳодшударо ба осонӣ омӯзанд ва аз худ кунанд. Омехта кардани усули интерактивӣ бо усулҳои дигар, аз ҷумла,  кластер (хӯша), кроссворд, чистону шеърҳо ба ангезиши зеҳни хонандагон манфиатовар аст. Бештари мавзӯъҳои фанни биологияро бо усули интерактивӣ гузаронидан ва савияи дониш, маҳорату малакаи хонандагонро баланд бардоштан мумкин аст.

Усули интерактивӣ хонандагонро ба дарс шавқманд мегардонад. Ҳамаи хонандагон кор мекунанд ва ҳаракат мекунанд, ки дар ёфтани ҷавобҳо комёб гарданд.

 

Ҷамила АСАДУЛЛОЕВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш