Нашрияи Омӯзгор

Кӣ бо мо бозӣ мекунад?

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Гузариш ба муносибати нави таълим аз ҳар яки мо, омӯзгорон, новобас-та ба фанни таълимиамон, тақвияти пайвас-таи дониш ва малакаю маҳорати касбиро тақозо мекунад, зеро ин се омил заминаи асосии ташкил ва доир намудани машғулиятҳои дарсии шавқовар ва самарабахш барои хонандагон маҳсуб меёбанд.

Яке аз роҳҳои бедор намудану тақвият бахшидани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиш ва азхудкунии барномаи таълимии забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони англисӣ, гузаронидани бозиҳои шавқовар дар ҷараёни таълими фанни мазкур мебошад.

Бозиҳо метавонанд воситаҳои хуби азхудкунии забони англисӣ гарданд, ба шарте ки дар мавриди гузаронидани онҳо омӯзгор нуктаҳои зайлро ба инобат гирад:

-бозиҳо ба меъёрҳои ба синф хоси хониш мувофиқ бошанд;

-ҳадафу вазифаҳои ҳар як бозӣ бо ҳадафу вазифаҳои мавзӯи ҳар як дарс ҳамсон бошанд;

-хонандагон дар ҷараёни ташкил ва гузаронидани бозиҳо худро дар як муҳити озод, хайрхоҳона ва баробар бо омӯзгор ҳис кунанд;

-дар рафтори омӯзгор якрангӣ набошад.

Чанд намунаро аз бозиҳои таълимӣ пешниҳоди ҳамкасбони хеш менамоем.

Бозии якум “ Have got” ё “ Has got”  ном дорад. Ин бозиро асосан дар охири дарс дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ иҷро кардан ба мақсад мувофиқ аст. Бо ин роҳ хонандагон калимаҳои навро такрор карда, онҳоро хубтар дар хотир нигоҳ медоранд. Бачаҳо ин чунин тарзи дурусти истифодабарии шумораҳои шахсиро аз худ карда, онҳоро дар амал истифода мебаранд. Масалан : I have got a goldfish. She has got a hamster. He has got a tortoise. We have got a parrot. You have got a cassette. They have got a dog and a cat.

Шакли дигар “Cards with definitions” номида мешавад. Дар ин бозӣ хонандагонро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунем. Дар болои  мизи муаллим варақаҳо гузошта мешаванд. Намояндагони ҳар ду гурӯҳ дар як  вақт ба назди миз меоянд. Онҳо бояд аз байни варақаҳо  он варақаҳое, ки дар онҳо маънои калимаҳои дар тахтаи синф навишташуда оварда шудааст, ёбанд ва дар зерашон часпонанд. Гурӯҳе, ки зудтар супориш иҷро кард, ғолиб дониста мешавад. Мисол: bus - It carries iots of people and it is sometimes a double decker. Corner – A square has four of it. Flag – a symbol of a country. Parachute – You jump from an airplane with it. Plane – it flies in the sky.

Бозии чорум - “Find the odd word” бо чунин тарз гузаронида мешавад. Хонандагонро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунем ва ба онҳо чунин супориш медиҳем: калимаи зиёдатиро ёбед ва фаҳмонед, ки чаро ин калима дар байни ин гурӯҳи калимаҳо зиёдатист.

Мисол:

1.Peach, pear,  chicken, apple, cherry, fig, lemon.

2.Tail , cat , mouse , dog, rabbit, horse, cow.

3. Bird, airplane, kite, helicopter.

4. red, green, purple, sun, yellow.

5. cold, warm, dry, sky, cloudy.

Бозии панҷум  “Find your friend” ном гирифтааст. Ин бозиро ҳангоми омӯзиши феълҳои нодуруст, дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ истифода бурдан ба маврид аст. Муаллим дар тахтаи синф шакли аввали феъли нодурустро  менависад ва ба хонандагон варақаҳо бо шаклҳои дуюм ва сеюми он феълҳоро тақсим мекунад. Вазифаи онҳо шакли дурусти феълро ёфтан ва дар зери он часпондан мебошад.

Мисол: Be – was /were – been

Buy – bought – bought

Write – wrote – written.

Дар лаҳзаи дамгирӣ хондани шеърҳо ва сурудҳо  ва иҷрои амалҳои дар онҳо тасвиршуда бамаварид аст. Ин усул асосан бо хонандагони синфҳои поёнӣ гузаронида мешавад, ки матни он чунин аст:

Clap, clap, clap your hands, clap your hands together.

Step, step, step your feet, step your feet together.

Touch, touch, touch your cheeks, touch your cheeks together,

Shake, shake, shake your hands, shake your hands together.

Smile , smile at your friends let us smile together,

Dance, dance,  dance and dance, let us dance together.

Воқеан бо бозиҳо гузаронидани дарс ба хонандагон имконияти бештари омӯхтани забони англисиро фароҳам меоварад ва аз ин рӯ, чунин усулҳоро бештар истифода бурдан хеле самаровар аст.

Тахмина Амроҷонова,

 омӯзгори гимназияи

 №74-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш